Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Биё, Хуршед! – аз дарвоза сар даровардани ўро дида гуфт Ромиз.
— Ба театр меравем, – пурсупос ҳам накарда гуфт Хуршед ва ба Ромиз намуд, ки ранги рўи ў канда, дар сари дилу гулўяш ғуссае руст мондааст. Ромиз ба ҳайрат афтод, гап назада хомўш истод ва баъди он ки Хуршед ба замин нигарист, пурсид:
— Магар ягон спектакл бе актёр мондааст??
— Ҳама спектаклҳо... – маънии саволи Ромизро фаҳмидагӣ барин гуфт Хуршед. Дар овозаш як пардаи ларзон буд; аммо Ромиз ин чизро пай набурд, садои ба гиря монанд. Лекин Хуршед худдорӣ карда натавонист: – Зудтар бош, Ромиз!
— Чӣ гап аст, Хуршед, ман рафта натавонам, ба акаи Ғиёс ваъда додам, ки ўро аз телевизор тамошо кунам..
— Зуд бош! Сонӣ тамошо мекунӣ! – аз фарёд ҳам баландтар садо баровард Хуршед. Баъд ин ҷавонмарди базлагўи шўх ва ҳар гапу ҳодисаҳоро нописанд гирист: бесадо ва хомўш гирист; оби чашм ба рухсорааш шорида фуромад.
— Фалак зад ўро... – гиряи беовоз гулўгир шуда, базўр садо баровард. Гўё дар ҷавоби садои пасти ў мошина аз беруни дарвоза садои гўшхарош баровард. – Гард!
— Чӣ шуд?..
— Мошин интизор...
...Назди дари театр, зинапояҳо, роҳравҳо ва сари кўча пур аз одам; қариб ҳама зиёие, ки дар шаҳр Ромиз мешинохт ҷамъ омада буданд; ба қавли худашон: хешовандони театр.
— Хуршед, чилсолагии театрро ҷашн мегиранд?
Хуршед ба ин саволи Ромиз ҷавоб надод, ронанда аввал дар оинаи пеши рўяш Ромизро дид, сер нашуд, ки баргашта ба вай нигарист; таҳқиромез нигарист. Онҳо аз мошин фуромаданд, Ромиз ба қиёфа ва рўҳи онҳо нигарист, диққат дод: ғуссаманд буданд онҳо. Сархам, гўё гунаҳгор. Ҷуфт-ҷуфт ва тўда-тўда меистоданд.
Радду бадали афкор доштанд, сар меафшонданд, афсўс мехўрданд ва пушаймонӣ мекарданд..
«Маст шуда афтидааст» аз сўҳбати онҳо шунид Ромиз ва боз диққат дод: «Чиҳил сол кор кардем, вале чунин ҳолатро надида будем. Кӣ мегўяд, ки...» ва боз гапҳои дигар.
«Маст будааст. Одами ҳушёр ин хел накунад».
«Аз ҳамон баландия аз ҳамон баландӣ...»
«Ин хел ҳам не-дия! Актёрҳо ба нафақа баромаданд, аз театр қаҳр карда рафтанд, мурданд ҳам, вале ин хел не...»
«Гапи худаш ҳамин буд: мурӣ, дар баландиҳо мур».
«Тела додаанд, мегўянд».
«Ношуд буд худи ў. Набошад ҳамон ҷои мурдан аст?»....
«Ҳай Ғиёса, ҳай Ғиёса! Оқибат худро даст гирифта натавонистӣ.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё