Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

фарҷоми рўзашро пай бурда будааст. Аз ин дунё касе чизе ба гўр набурдааст... Ў бурданӣ: ҳамон либосе ки дар тан дорад; ба ҷои кафан. Аз рўи расми инзамона, зиёи шудааст, гуфта, вагарна чаҳор газ суф. Ва ё чунон ки худи Ғиёс мегуфт: дар солҳои ҷанг харитаҳои мактабро мардум ёфта кафан карда буданд. Ғиёс ҳамин чизро медонист, барои ҳамин аз паи моли дунё нашуда буд: бачча ҳам рўзашро мебинад, мегуфт; ҳар касро вой ҷони худаш...
Ромиз ҳам дар беруни театр ва ҳам дар толори он ҳамаро аз назар гузаронд; онҳоеро, ки гирянд ва онҳоеро, ки хайрбод карда гузаранд ва аз байни онҳо ду нафар бештар диққати ўро ҷалб кард: яке марди деҳотии зиёипўш, дигаре занаки ношинос. Занаки нуронӣ. Ашк рухсораашро шуста тозатар кардааст. Ў чандин бор гузашт. Як бор гузарад ва боз бо гурўҳи дигар ояд. Рў ба рўи Ғиёс истода гиряд. Лабонаш ҷунбанд; чизе гўяд, вале навоҳо онро пахш кунанд. Аз маит чашм канда натавонад; бинад, ки Ғиёс низ чашмони кушода сўи ў дўхтааст, чиҳое, ки «гўяд», аммо занак шунида натавонад, дарун-дарун сўзад. Сўзад, ки дар зиндагӣ онҳо ҳамдигарро фаҳмида натавонистанд; зиндагӣ фиребашон дод.
Чашми Ғиёс ҷуз ин занак каси дигарро набинад ва занак ҳам ба касе нигоҳ накунад. Набинад, ки боз як ҷуфт чашми дигар гоҳ ба ў дўхта шаваду гоҳ ба Ғиёс. Ин чизро дигарон пай набаранд.
Ромиз пай бурд, вале надонад, ки ин занак кӣ ҳаст. «Эй кош, сиёҳчашмаки ман ҳам ба рўзи маргам ин зайл гиряд, – дили ў оташ баровард. – Пештар рав, занак, пештар, ўро бибўс, чашмонашро молида бипўшон. Шояд барои ту дилкашол бошад, шояд сабаби чашм напўшиданаш ту бошӣ, пештар рав, туро бубинад, чашмонаш пўшида шаванд. Пештар... Боз ним соати дигар. Баъд бардоранд...
Оҳҳ... пештар рав, занак, пештар, шарм накун. Бигўй, ҳамаашро бигўй! Шояд ту хубтар донӣ, ки Ғиёс чӣ гуна одам буд? Ту нағз донӣ, вагарна ин қадар намесўхтӣ.»...

«Бале, қадри ватанро булбули афсурда медонад,
Ғами марги бародарро бародармурда медонад».

фиғон дорад ҳофиз.
Боди серуне, ки аз дари даромадгоҳи театр дохил шавад, баробари одамони ба хайрбоди Ғиёс омада аз дари дигар ба кўча барояд. Занак низ баромад. Вале Ромиз ҳайрон, ки чаро дар дами нафаси мардум сурати девор шудааст ва хидмате карда натавонад. Хуршед албатта дар куҷое хидмат дорад, ки нанамояд. Ў ба сурати ҷавонмардонаи Ғиёс, ки ҳамаи дўстон дар сари сина – рўи дил бардошта гаштаанд, менигарад. Хаёл кунад, ки Ғиёс, Ғиёси насиҳатгари ў аз ҳама ҷо – аз ҳама тараф ба ў нигарад, ҳатто аз сари дили худаш ҳам рост ба зери манаҳ нигоҳ кунад. Ва ҳоло гумон дорад, ки баъди барун баромадани занак Ғиёс ба ў зеҳн монад, пас маълум шавад, ки Ғиёс дилкашолие дорад; дилаш ба дидори Ромиз, ба сўҳбати ў кашол аст.

пешина
аз 428
навбатӣ