Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ромиз гириста натавонад, Ромиз худро шинохта натавонад ва бовар ҳам накунад, ки Ғиёси диловар мурда бошад. Ба гумонаш, ки шўхӣ дорад ва дўсту душман, дилсўзу нодилсўзро шинохтанист...
Ҳама андўҳманд, вале андўҳи он марди деҳотӣ ва андўҳи он занаки ношинос дигар. Ҳар дуи онҳоро Ромиз нашинохт....
Занак боз омад. Боз аз қатор ҷудо шуда, дар ҷои муқаррар кардааш истод, бигирист. Пушт ба девор такя дод, як оҳи бадард кашид, нафас рост кард, ки барои аз нав гиристан қувват пайдо кунад. Ў ҳатто биме надошт, ки касе аз рафтораш огаҳ мешавад.
Вале Ромиз ҳама ҳаракатҳои ўро аз назар дур гузошт: «Ғиёс нагуфта буд, ки маҳбубаи ҷон ба ҷон дорад... Ҳа-а... ў ҳамин хел хислат ҳам дошт, ки ҳама гапро намегуфт. Ё хоҳараш бошад?
Не. Хоҳараш мебуд, зану фарзандони бародарро шинохта гардан мегирифт, қатори онҳо нишаста сўгворӣ мекард. Лекин саропо сиёҳ пўшидааст...»
— Ун занакро шиносӣ? – Хуршедро аз ҷое, ки ба дасти мардуми сари тобути Ғиёс истода латтаи сурх мебаст, ёфта пурсид Ромиз.
— Ҳо... Зани чашм кушода дидаи Ғиёс, гўянд, – ба ҳамон оҳанги паст ҷавоб дод Хуршед.
Ромиз он занро шинохт. Ин ҳамон занест, кк Ғиёс сўхтаю пухта дар борааш ҳикоят мекард: Муаллима. Зани аввалини Ғиёс. Ўро шонздаҳсола ба занӣ гирифта буд. Чиллаи арўсу домодиашон набаромада, ба ҷанг фиристоданд... Хати сиёҳаш омад. Ҷавонзани гўлро нагузоштанд, ки сиёҳашро сафед кунад, ба ёди Ғиёс шинад. Шўй доданд... Ғиёс баъди як соли анҷоми ҷанг ба диёр баргашт. Ҳолро чунин дида бевафоӣ пиндошт ва ин ҷою макон ба ман ҳаром гуфта, зодгоҳро тарк кард. Ҷавонзан низ аз шавҳари пираш рўй тофта аз паи Ғиёс шуд. Ўро наёфт. Дар омўзишгоҳи район таҳсил кард; муаллима шуд. Овозаи актёрии Ғиёсро аз газетаҳо дарёфт, мактуб навишт, ҳамаашро фаҳмонд, узр пурсид, аммо Ғиёс набахшид: тир аз камон ҷаст, гуфт... Ана акнун занак бо оби чашм гуноҳи бегуноҳии худро дар сари тобути маҳбубаш шустанист. Ў баъди ин воқеа дигарбора шавҳар накарда, «ҳоло ҳам ба ёди аскарбачча Ғиёс нишастаам» гўяд.
Пайкари муаллимаи нуронӣ меларзид. Ў сари ангушт мегазид, то якбора фарёд назанад, дилаш накафад. Агар муаллимаи нуронӣ то алвақт ба ёди Ғиёс нишаста бошад, имрўз охирин умеди ў барбод рафт; умеде, ки имрўз ё фардо баргаштани Ғиёсро дар дил ҷой карда буд. Ўро – муаллимаро ду нафар: як ҷавонписар ва як ҷавонзан аз ду тараф дошта, берун бароварданӣ шуданд.
«Шогирдони муаллима» гуфт Хуршед ҳамадон барин...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё