Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ромиз чунин гуфту надониста чашм ба рўи Ҷаҳоноро ба хаёл рафт...

10

Марги Ғиёс, моҷарои бо режиссёр карда, аз театр рафтани Ромиз ва гапу калочаҳои зиёд Хуршедро ба танг овард; гумонаш, Ромизро гап кунанд, қасдан дар назди вай гўшона мегўянд. Хуршед ба гапҳои онҳо чизе нагуфта, вале ба дил гирифта ва ба танг омада, ғазаболуд назди Ромиз мешуд. Мисли пуффак пур шуда ва дам карда меомад. Ва раҳораҳ чунон дарафтиданҳоро дар сар ҷой медод, ки андаке аз хунрезӣ фарқ мекард, рафта-рафта аламу қасдашро аз Ромиз гирифтагӣ барин то назди ў омадан хунук мешуд, аз ғазаб фаромада ва баъди салому алейк «чӣ кор карда гаштӣ, Ромиз?» мепурсид. Дар чунин мавридҳо ё Ромиз маънидорона менигарист, ки чӣ гўлпурсист? Ва ё табъаш хуш бошад «чун ҳамеша» мегуфт. Хуршед қонеъ набошад ҳам аз як чиз дилпур, ки Ромиз бе театр зиндагӣ карда натавонад. Фароштурук аз лонае, ки аввалин бор парвоз кардааст, як сол умр дошта бошад, ҳам бозгардад. Аммо чанд вақт боз ки Хуршед аз ҳоли Ромиз бохабар нест, рўҳу аҳволи ўро чун пазирад. Ҳоло ҳам ў «мушкетёр», «сенёр» аст ва ё боз ким-киҳои дигар шудааст?
— Нағз не, Ромиз, ба замин фаромадан лозим.
— Ба назарам, ба осмон ҳам набаромадаам, – гуфт ў ва гўе, ки ин бор ўро махсус фиристода бошанд, ба андеша рафт: «Мазмун, ман худамро бой додам. Беҳуда ба ҳар кас рози дил гуфтам. Беҳуда ба хурду калон ганда шудам. Беҳуда гумон кардам, ҳақиқатро гуфтан ба ҳама хуш ояд, лекин чунин набудааст. Ҳақиқат талх ҳам будааст, сахт мерасидааст. Гумон кардам ба суди кор аст, зиндагӣ пеш равад, дар ҳама ҷабҳа навигариҳо ҳаст. Афсўс... Айби худам шуд. Барои санъат шуда калон гап заданӣ шудам; рост будааст, ки гапи калон даҳонро дарронад. Барои ҳамин гап гапи Ҷумъаи Анда: як даст ба даҳон, дасти дигар дар мақтаъ... Ва ман гапи калон нагуфта будам, ки даҳонам даррад. Пеши касе муттаҳаму сархам ҳам нестам. Пушаймон ҳам не, агар театр бе ман кор карда наметавонист, пушаймон шудан мумкин буд, модоме ки бе ман песаҳои дилхоҳашон хубтар дар саҳна гузошта мешавад, ҳоҷат ба ягон гап намонад. Рост, ман ситеза накардаам, ки пушаймон шавам, мансабталаб нестам, ки пушаймон шавам... Беҳуда будани гапро худам донам. Ин чиз аз нозукии табъи худам сар зад: ва боз аз ким-чиҳои дигар; аз он ки дар санъати театри тоҷик ягон чиз дохил кардан хостам; хостам Рўдакӣ аз Рўдакиҳои пешин фарқ кунад, хостам Ромео дигархелтар бошад...»
...Ромиз гумон накард, ки Хуршед бо ҳамин рафтан меравад.
Ба назар ў мисли ҳамеша шўхӣ карда то нисфи роҳ мераваду боз баргашта «боб кардам!»

пешина
аз 428
навбатӣ