Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мегўяд. Не, ин тавр нашуд. Барнагашт.
Сонӣ Ромиз хулоса баровард, ки ин ҳам ранҷид... Дўстон ҳама ранҷиданд. Ў бояд дўсти нав пайдо кунад, лекин ин кори саҳл не; ҳамгап, ҳамтабақ, ҳамқадаҳ, ҳамкор, ҳамхоба ёфтан мумкин, аммо дўст ёфтан кори осон нест. Осон не! Ромиз донад ва айни ҳол хоҳад, ки Ҷаҳоноро барин кас дўсти ў бошад. Вале ин ҷавонзани боғурури ҳавобаланд ҳар бор, ки ўро бинад, чандон эътиборе надода, хоҳиши дили Ромизро нафаҳмида, мағруру сарбаланд ва масхара кардагӣ барин гузашта равад. Ин чизро Ромиз пай бурдааст ва дидааст, ки чун дар гўшаи лабаш табассуми масхараомези ў ҳувайдо гардад. Аммо Ромиз чунон ҳисоб кунад, ки ҳамин чизро намедонад. Аз ин рў Ромиз ба худ қавл дод, ки ин дафъа бо ин ҷавонзан дучор ояд, сўҳбатро намакин гардонад.
— Салом, ҷаҳони ман! – ўро дида хитоб кард Ромиз.
— Чӣ-ӣ? – баргашта пурсид Ҷаҳоноро.
— Яъне шумо дар ин дунёи равшан шод бошед.
— Артист...
— Не-не, бовар кунед, ман артист нестам, аз авлоди Юнус-тўқсабо... – худро ба ў хеш нишон доданӣ шуда қасдан гуфт Ромиз.
— Чӣ-ӣ? Гаҳвораи Юнус-тўқсаборо ҷунбонида будед?
— Маъзур! Ман ҳазл кардам... Аранге дар ин хусус шунида будам. Шунида будам, ки Юнус-тўқсабо наберае дорад, ки як кокулаш офтоб ва як кокулаш моҳтоб. Кокули офтобашро кушояд, муомилааш бо одамон гарму нарм шавад, кокули моҳтобашро кушояд, монанди моҳтоб гармие надорад. Сард...
Ҷаҳоноро хандид. Худи Ромиз низ аз чунин гапи сари забон ёфта хандид ва боз ба гап даромад:
— Аз набераи Юнус-тўқсабо пурсида мешавад, ки ман барин артистони дар ин соҳа, яъне дар соҳаи бо занони зебо салому калом кардан таҷрибаи кофӣ надошта ва лофу газоф карда натавониста, рў ба рў оянд, кокули офтобашонро кушоянд...
— Гумон надоштам, ки шумо ҳам ҳазлу шухӣ карда тавонед.
— Мо низ ҷон дорем.
— Агар ҳамин чизро донед, мисли дигарон ҳазлу шўхӣ карда гаштан гиред. Ғазаб карда гаштан ба шумо назебад.
— Ғазаб не, ҳамту ба худ гирифтор...
— Чӣ лозим?
— Ман аз ин рўзгор қарзи зиёде дорам ва бештар роҳи адои ҳамин қарзро фикр мекунам.
— Шумо чӣ қадар қарздоред? – пурсид Ҷаҳоноро.
— Агар гўям, қарзи маро адо мекардед?
— Агар тавонам.
— Не, қарзи маро ҷуз худам каси дигар адо карда натавонад...
Агар он муаллимаи азизро як бор медидам...
— Муаллимаи нурониро?

пешина
аз 428
навбатӣ