Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ку, бубинем, боз чӣ шеърҳои «тозае» гуфтаӣ, пири хирад». Ў табассум кард, барои гапи худ, ки мисли қофиласолор шеъри нав гуфта тавонад.
Маънии гапашро, ки ҷуз худаш каси дигар нафаҳмад, хандид.
Фоли нек. Ин хел кушода шудану хандидан барои Ромиз бегона буд. Ўро ҳар кас ва ҳар чиз хандонида наметавонист. Фоли нек.
Ҳатто дар «Фолнома»-и Ҳофиз ин зайл фолро надида буд. Ҳоло ин китобро боз накардааст, аммо аллакай табъаш болида, завқ бурд. Чашмашро пўшида саҳифаеро боз кард:
Ба ҳиҷоб андарун шавад хуршед,
Гар ту бардорӣ аз ду лола ҳиҷеб.
В-он занахдон ба себ монад рост,
Агар аз мушк хол дорад себ.
— Баҳ-баҳ! Магар кўри модарзод аз мушк хол доштани себро донад ё ба он монанд будани холи занахдони ёрро гўяд? Ҳмм...
Беҳуда ин қадар баҳсу талош кунанд олимон. Ҳатто ҳамсояи шоир ўро дар хотироташ кўри модарзод гуфта бошад ҳам, кас бовар накунад. Чӣ монад ба дигар ташбеҳоти шоир... Ҳар чӣ бошаду набошад, барои ту шуд ва инак ман аз бари домони ту дорам; шояд ки бо ин ҳама нобино гаштанат маро раҳнамо шавӣ. Дасти ману домони ту...
Ромиз китобчаи кисагиро варақ мезад ва мехонд, тамоман ба олами дигар сайр мекард; на ба он оламе, ки дар бораи ў навиштаанду Ромиз кӣ будани ўро дар саҳна нишон доданӣ буду нашуд.
На! Чунин на; тамоман чизи дигар, ку худи ў фармояд:
Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро,
Ба бўса нақш кунам барги ёсамини туро.
Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ў қадам биниҳӣ,
Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро.
Ромиз ҳайрон монд ва сар боло кард: биандешид, ки чун ин маъниҳоро ба шунаванда ва тамошобин расондан имкон дошта бошад. Ангушт миёни китоб мистар кард. Аз ёд мехонду такрор мекард, мехонду такрор мекард ва баъд дар набудани Саида бархеста бо овози баланд мехонд ва гўш медод, ки деворҳои пасти ин кулбаи гилӣ садои ўро ба чӣ мақом акс гардонанд. Фақат лаълии мис, ки дар паҳлўи дари даромад овезон буд, «зӣ-зӣ» садо дод, вале овози ўро такрор карда натавонист. Ҳатто мисли кўҳ нидо накард. Ногоҳ ба гўшаш овози ношиносе расид, ки гўё аз қаъри асрҳо садо медод:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё