Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Рафту шумо пеш аз пойтахт шуданаш онро дида бошед, ҷои таваллуд ва ҷои нишасти худро ёфта натавонед. Ҳо! Ҳар киро пурсед ва Душанбе гўед, чанореро ёд оварад, ки Хуршед аз бисёр гуфтан Ромизро қимоб кардааст. Ростӣ, ки Хуршед ин шаҳрро хуб омўхтааст ва ҳар ҷо, ки сухане дар бораи ин шаҳр нависанд, хонад.
Шаҳрванди панҷсадҳазорумини ин шаҳр ҳам ба дунё омад. Рости гап, Хуршед аз пойтахти Кошониҳо будани ин кишвар ҳам воқиф аст ва як вақтҳо дар тасарруфи Авлиёқули турк будани онро ҳам донад. Ин манзил 250 буна дошт, ҳоло шаҳри ниммиллиона... Аз ин рў Хуршед худро пири рўзгордида гирифта, ҳикоятҳо кунад.
Ақли Ромизро дуздидан хоҳад, аммо Ромиз дар ин шаҳр кам зиндагӣ карда бошад ҳам, кўчаю тангкўчаҳои онро хуб донад. Ва ҳар вақт Хуршед намоиши телевизионро таъкид карда, «кишвари худро омўз» гўяд. Ҳоло аз манзилҳои кўҳнае, ки ба ҳусни шаҳр халал расонамд, маҳаллае мондааст, ки Мулло-амак зиндагӣ дорад. Инаш душвор, Мулло-амакро бехонумон кардан душвор. Ўро аз ин манзил ҷудо кардан осон не. Ин чизро Ромиз хуб донад...
Лекин қариб омадааст, экскватору булдозерҳо шабу рўз зўр зада девору таҳкурсиҳои похсагиро вайрон кунанд...
Ромиз хеле чизҳоро муқоиса кард, хеле бартариҳоро донист ва худро сарзаниш кард, ки коре накардааст, ки боиси ин қадар фўку димоғ бошад. Инак мардум ба корҳои баланд мағзи сар об кунанд, ў овораи ҷустуҷўи хеш. «Худҷўӣ-заррҷўӣ» шояд ҳамин чизро дарёбад. Мисрае ба ёдаш омад: «Дило, то кай ҳамеҷўӣ манеро?» ва ин мисраъ дигар нагузошт, ки ў қарор истад, дигар чиз гуфтанӣ шавад, ин мисраъ аввалсухан гардад. Сари фикр ва сари ҳар суханро гирад.
Андеша аз сари ў дур нашуд. Ҳар қадар дар бораи шаҳри Душанбе зиёдтар фикр кунад, ҳамон қадар Ҷаҳонороро пеши назар оварад. Ва ҳамон қадари дигар дар бораи одамони он фикр бикунад ва ба хулосае ояд, ки шаҳр ҳар қадар мардони ношуд дошта бошад, баробари он чун Ҷаҳоноро занони мардмиҷоз низ дорад...
12
Ў дергоҳ ба худ наомад, шояд ин таъсири андешаҳои зиёд
бошад; чаҳор рўз аз хона набаромад; риш нагирифта, қаландарсурат шуданӣ буд, вале дар ин миён машғулии дигар ёфт: китобчаи муқовасиёҳи ба рўяш мавҷи нури офтоб доштаро аз байни китобҳо ёфта, дуру дароз ба он нигарист ва саҳифа боз накарда, сар ҷунбонд: «Ҳа-а, ҳамааш аз барои ту шуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё