Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Барои асп майдон лозим...
...Ромиз бо тавсияи Мурод Алиевич аз сўҳбати директор ва коллегияи Комитети телевизион ва радиошунавонӣ гузашт. Ҳуҷҷат наоварда бошад ҳам, ўро қабул карданд. Гўё ин кор баҳсобаҳс шуд, аммо касе ин чизро пай набурд. Барои Ромиз як навъ талош ҳам буд. Якравии Ромиз худро ҳайрон кард. Вале вақте ки касе ба ў «Рафиқ Рабиев, телевизион ҳам мисли театр драматургҳо ва актёрҳо дорад» гуфт, ў ба андеша рафт: «Ин гап чӣ маънӣ дошта бошад?» Ба маънии сухан нарасид. «Қатра сангро сўрох кунад, мулло Ромиз!» гўё насиҳат гуфта, ўро ҳушёр мекарданд. Пичингу киноя, луқма, гўшона ва ҳар чизе, ки беҷо гуфта мешуд, Ромизро алағда кард. Ў ин қабил гапҳо барои чӣ гуфта мешаванд, намефаҳмид. Ромиз орзу дошт, ки мардум дар бораи санъат, адабиёт, чизҳои аҷиби хотирмон ҳарф зананд, аммо медид, ки бештар сухан аз молу пули дунё равад ва мудом ҳамдигарро бад гўянду ғайбат кунанд. Дилаш аз одам ҳам монду аз олам ҳам; ҳатто мардҳо ба ин чиз рағбат доранд (ба қавли ў мардҳои занмиҷоз). Вале ин дарди нав ё кўҳна нест, азалӣ. Ислоҳи он амрест муҳол...
Ромиз дили ба театр баргаштан дорад, аммо ба рағми режиссёр барнагардад. Дар бари кӣ истад, надонад; зеро дар як муддати кўтоҳ он қадар фаҳмиду дарёфт, ки дар умри гузашта дарк накарда буд. Баъди андешаи зиёд ба хондани адабиёти ҷаҳонӣ пардохт.
Монологи Ҳамлет, «Пигмалион» ва боз бисёр чизҳоро медонист, аммо қонеъ набуд. Ў бояд «театри актёри танҳо»-ро офарад, бояд саҳнаро ларзонад, бояд тамошобинро гирёнад ва... хандонад.
Вагарна... вагарна худро як хуносо пиндорад, ки мардум нақши мард ва ё зан бозидани ўро фарқ карда натавонанд...
Сар боло кард ва чунин пиндошт, ки пеши назараш як кўҳи баланд, як боғи баланд ва рўди хурўшоне даргузашт. «Хоб!» Аз хурсандӣ якбора боло ҷаҳид ва ҳар чӣ пеши назараш буд, ғайб зад. Пас ў қавл дод, ки худро дар ин баландиҳои хурраму сарсабз ҷўё шавад. Албатта... зеро дар ин баландӣ, дар ин маконе, ки биҳиштро монад, касе низ ҳаст: дар тасаввури Ромиз Ҷаҳоноро, аз назари Рўдакӣ Нигина.
Ту Рўдакӣ ба ғуломӣ қабул агар бикунӣ,
Ба бандагӣ написандам ҳазор дороро.
— Баҳ-баҳ! – кайф бурд Ромиз ва ин байтро такрор кардан гирифт. Ва чун ба ҳуҷраи кории Мурод Алиевич даромаданро нафаҳмид, вале аз он ҷо чун баромад, дар ёдаш хуб мондааст:
«Чаро касе гапи дурусту мушаххас нагўяд?» аз худ пурсид Ромиз ва китф дарҳам кашид. «Мебинем», «маслиҳат кардан даркор», «фикр кунем», «пурсем канӣ» маслиҳатҳое, ки ягон масъаларо ҳал карда натавонанд. Қатъӣ набудани гуфту амали одамон як дараҷа касро ноумед бикунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё