Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў баробари аз студия баромадан онҳоро дида буд; набинанд гуфта худро паси дарахт кашид, акнун аз дунболи онҳо кашол шуда, ҳар қадаму ҳаракати онҳоро диққат диҳад. Ромиз ба ҳамроҳаш наздик нашавад, даст нарасонад, лекин гап занад, таъкид кунад, таҳдид кунад, чунон ки дўғу пўписа дошта бошад. Ва чунин рафтор одами мушоҳидагарро чун шери хашмгин барошуфт. Як васвасаи номаълум ўро бардошт. Ў хост худро миёни онҳо бизанад, аммо барои ў чизи дигар лозим буд: бинад, ки Ромиз ҳам аз мардони лофию дурўй аст ва ё...
Раққоса ба троллейбус нишаст, Ромиз баргашта ҷониби хиёбони «Ҳофиз» рафт.
— Чаро то хонааш гусел накардед? – садо омад.
— Розӣ нашуд! – рў натофта ва кӣ будани соҳиби овозро шинохта ҳазл кард ў.
— Э-э, шумо мардон!.. Ҳамаатонро дар як гўри чуқур ҷо кардан лозим.
Ромиз чизе нагуфт. Дуру дароз рў ба рўи ў хомўш истод, гўё ҳоло ҳам дар таъсири хаёли Ҳуснобод буд.
— Ман шуморо дар боғи Ҳуснобод дидам, Ҷаҳон...
— Дидам, ки чун маро дар он ҷо дидед.

— «Аё савсан, баногўшӣ, ки дорӣ,
Ба рашки хештан ҳар савсанеро...
Дилам чун арзане, ишқи ту кўҳе,
Чӣ соӣ зери кўҳе арзанеро?»

Ҷаҳоноро табассум дошт...

16

«Туро дағалӣ назебад, Ҷаҳон. Ҳуснат коста гардад. Ҳо, он қадар кам шавад, ки... – рўболо хобида фикру хаёл кунад Ромиз.
– Ба назарам, агар абрў гиронӣ, рўят, гирди лабони зебоят, ҳалқаи чашмони сиёҳат пур аз чин гарданд ва ту пир тобӣ... Туро дар чунин ҳолат дидан нахоҳам; нахоҳам, ки ту пир шавӣ, нахоҳам, ки ширинии дидорат коста гардад... Боз як чизи дигарро нахоҳам Ҷаҳон... ту на бояд аз ҳар сухани ман зуд ранҷӣ... Набояд, ки... Не, майлат, биё, зуд-зуд, вале тез нарав... Рафторҳоят маро масхара кунанд, гўё ки касе туро фармуда бошад... Ин хел кас нест. Ман занеро фиреб надода ва наранҷонидаам, ки ба воситаи ту аз ман қасос ситонад. Агар ин кори дигарон – кори ягон мард бошад, сарашу равғанаш... Ба тухми одамӣ бадӣ раво набинам... Ин кори одам нест. Ё гумон кунӣ, ки ман артист; бо ман ҳар гуна нақш бозӣ кардан равост? Ё маро ягон образ офариданӣ ҳастӣ? Ин тавр бошад, ёдат ба хайр!.. На, ман нависанда шуданӣ нестам...

пешина
аз 428
навбатӣ