Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

ҷавонҳо ҳам, калонсолон низ ҳам... Гўянд, аммо фикр накунанд, ки зери ин ҳарфҳо чӣ қисмате, саодате ва ё чӣ фоҷиъае нуҳуфта. Ин ҳам мисли он ки чизро гум карда ҷўянду худро гум карда ҳаргиз суроғ накунанд.
«То ҳастам, эй рафиқ, напурсӣ, ки кистам,
Рўзе суроғи вақти ман оӣ, ки нестам...»
20
Вай пештар ба ин бино он қадар аҳамият надода будааст; ба қисми зоҳириаш, аммо даруни онро хол ба хол донад; донад, ки чанд саҳна дорад, чанд ҳуҷра дорад ва дар кадом ҳуҷра кӣ шинад, вазифаи онҳо аз чӣ иборат аст; аз ҳама хубтар саҳнаро донад, ки чанд парда дорад ва пешпарда; дар кадом вақт кадоме аз ин пардаҳо фароварда шаванд ва ё бардошта, пеши ин пардаҳо кӣ истаду пушти онҳо кӣ, касони пеши парда чӣ гўянду касони паси парда бо чӣ кор машғуланд ва пешпарда барои чӣ лозим? Аз ҳама аҷибаш суфлёр: ҳама гап, сирру савдо, нақшҳо, дасисаҳо, ғайбатҳо, хиёнат, дурўягӣ, нотавонбинӣ, нокасӣ, ноҷавонмардӣ, даюсӣ ва бисёр-бисёр ҳарфҳои дигарро донад, ба даҳони ҳар кадом луқма андозад, сухани гумкардаро ба ёдаш орад, чун мураббиву устод ёд диҳад, вале ҳарфи якеро ба дигаре нагўяд. Қоил... Ромиз ба чунин кас қоил. Ў мисли суфлёр шояд ин қадар чизро, ин қадар сирру савдоро надонад, лек саҳнаро хуб донад; гўё дар театр зода шудаст. Ҳатто донад, барои як ҳаракат, як ҳамла, яқ ҳуҷум аз куҷо то куҷо ҷаҳидан равост, дар куҷо гардиш кардан имкон дорад; ҳатто донад, ки кадоме дар куҷо биистад, чӣ гўяд; чӣ маслиҳат диҳад, киро наҳ занаду сиёҳ кунад ва ранги рўйи шунаванда аз он гуна суханҳо чун шавад. Чунин чиз вақтҳое буд, ки Ромиз қандро «коко» мегуфт. Сонӣ Ромизро «умедбахш» сифат доштанд. Аз нақшаю хаёлҳои ширин чеҳрааш гулгун мегашт. Бо умед шаборўз дар саҳнаи хурду бузург арақшор ҷон мекоҳонд, дар пўсти ину он медаромад: шоҳ мешуд, гадо мешуд, ошиқ мешуд, ҷавонмард буд, олиҳиммат буд: вале ҳеҷ гоҳ дар бораи нокасӣ, пасттинатӣ ва ё даюсию хабисӣ андеша надошт. Нақшҳое, ки ў бозӣ мекард, дараҷаҳо надоштанд, ҳамаашон нақшҳои олӣ буданд. Миш-миш шуд. Ў «нозгунҷи режиссёр» ном гирифт. Ҳа-а, «нозгунҷи режиссёр». Устоди заковатманд шогирди қобилу доноро дўст дорад.
Дигарон қобилияту ҳунари ўро зътироф кунанд, вале қоил нашаванд. Барори кори ўро нахоҳанд... Даруни ин бинои зебо (шояд дар дигар ҷойҳо ҳам бошаду Ромиз надонад) бисёр гапҳо ҳаст, вале на барои Ромиз (ў чунин гуморад), барои дигарон; барои онҳое ки шўҳрати осон хоҳанд, гўё ҳама ҳунар дар худширинкунию дурўягист...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо