Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лозим нест, Ромизро лозим нест... Алҳол ўро як чиз лозим, – саҳна. «Кӣ ба ин кор ёрӣ расонда тавонад?»...
— Маро саҳна мебод! – ба мудири управленияи санъат рў овард Ромиз, ба Холиқ Ҳақбердиевич, ки шиноси хуб тобад; баъди ҳар нахустнамоиш дар буфети ошёнаи дуюм нишаста шишаеро «майда»
карда, дар атрофи спектакл гуфта, тезутунд мешуданд; буфетчӣ мерафту онҳо на. Ҳолиё Ромиз умед кашида омад.
— Чӣ хел саҳна? – ҳайрон шуда пурсид мудир.
— Саҳна, саҳна, ки ман он ҷо тайёрӣ дида тавонам...
— Намефаҳмам, – китф дарҳам кашида гуфт Холиқ Ҳақбердиевич. – Саҳнаи театр, саҳнаи ҳаёт?
— Ё ҳарду. Яке бошад, дигаре шавад... Лекин нахоҳам, ки шумо азоб кашед, саҳнаи театр пайдо кунед, шод мешудам...
— Шод мешудед... – пичингомез гуфт ў ва боз дастонашро бозӣ доронда ба ду тараф кушод: – Аз куҷо?
— Аз куҷо, – Ромиз низ сухани ўро такрор кард, – ҳамаи театрҳо дар ихтиёратон...
— Театр чӣ хел дар ихтиёри ман шавад? Театр театри давлатӣ...
Ромиз хестанӣ шуд. Холиқ хандид. Ромиз ҳайрон монд. «Масхара?» Вале Холиқ нагузошт, ки Ромиз хезад, ўро боздошт ва хандида гуфт: «Театрҳо дар ихтиёрам гуфта ман ҳам кам-кам артистиро омўхтаниам... ягон вақт лозим мешавад. Агар аз ин ҷо пеш кунанд, директори театр намонанд ҳам, ақаллан актёр мешавам...»
— Ва шавӣ... Модом ки драматург шудан ин қадар осон будааст, чаро актёрӣ душвор бошад? Мешавӣ албатта...
— Лекин барои ман ҳам саҳна ёфт нашавад...
— Ҳа-а-а, не-е-е, туро ёфт шавад, ту бадном нашудаӣ,..
«...Туро ёфт шавад, Ҳолиқ Бердиевич, ҳатто дар ҳамин театри номдор кор карда тавонӣ, саҳна ёбӣ, нақшҳои замонавӣ ҳам...
аммо маро саҳна пайдо кардан душвор... ту, ки ёрӣ накардӣ, кӣ ёрӣ кунад? Аспу майдон, актёру саҳна... моҳиву об. Аспу майдон
– барои тохт. Актёру саҳна – зиндагӣ. Моҳиву об – эмин аз марг.
Саҳна, саҳна, саҳна... Сустмиёнро орди ҷав баҳона. Тобистон, ҳавлии Мулло-амак кушод, миёни гулҳо саҳна созам... Лекин...
лекин ҳамсояҳо чӣ гўянд? Иҷорашини Мулло-амак девона шудааст, гўянд. Девона шудан он қадар кори душвор не. Худатро ба девонагӣ занӣ, ягон духтур кафил нашавад, ки ту солимӣ. Ягон духтур. Зеро беморро сиҳат кардан кори осон не, вале солимро девона кардан саҳл аст...»
Ў аз дарвоза даромада як назар дид, ки Хола-мулло аробачаи Мулло-амакро ғелонда, бо роҳи «зеризаминӣ», ки пушти хонаро мегузашт, дарун бурд. Мулло-амаки кўдак, кўдаки Хола-мулло, машғулии Хола-мулло... Хола-муллои биҳиштӣ... Саида гўяд, ки кадом зан ба чунин аҳвол тоқат карда тавонист? Худи ту чӣ, Саида?

пешина
аз 428
навбатӣ