Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тирҳои болдор, пайкони сўзону заҳрогин меборид бар сари душман. Аз сари бораҳо, бурҷҳо, баландиҳо қатрону қири сўзон мерехтанд бар фарқашон.
Гўиё дар ду рўзи истироҳат Искандар роҳат дошт бо Барзин.
Аммо дар асл реҷаву нақша ва усули набарди навинро мекашид, ки аз диди лашкаркаши бузург то имрўз чунин душворие пеш наомада, ки дар Тир. Бори нахуст ноумед гашт аз ҷанг ва зарае ба сараш зад, ки «ҷанг» чизе нест пеши зиндагӣ; ҷанг коре нест, ки ҷавонмард ба ў дил бандад… Зиёд андешид ва лашкар ба Миср кашиданӣ шуд. Аммо ғалаёни андешаҳо, ору номуси искандарӣ, овоза ва шўҳрати барои як ҷавон аз ҳад зиёд намегузошт роҳи дуруст ва аниқу яқинро бипазирад. Ройсозӣ кард бо пирони кор, сипаҳсолорони таҷрибаандўхта ва сарфавҷҳои доно. Онон рой надоданд, ки шоҳ Тири душворгузаро ба ҳоли худ гузошта рў ба Миср оварад. Зеро мисриён низ ўро нотавон дониста муборизаи сахт хоҳанд бурд. Искандар аз ройи хеш гашт ва ҷанги баҳри кушодро пеш гирифт…
Аммо оварди навбатӣ чунон набуд, ки пиндоштанд; ҳамлаву ҳуҷуми сипоҳиёнашро баргардонидани тириён ўро ба танг овард; хашмӣ кард, ки Искандар чун шери жиён ғуррид. Зиёдтар аз он ихтироъкориҳо ва усулҳои тозаи ҷангӣ ба кор бурдани мардуми шаҳри Тир лашкаркаши мақдуниро сахт ба ташвиш овард. Чархи фалаки гардони эшон, ки тиру пайкони партов, сангҳои андохтаи манҷаниқи душманро боздоштаву баргардонида ба дигар сўй равона мекард, юнониёни ихтироъкор ва пурдидаро дар ҳайрат гузошт. Ва Искандар ба андешаи дурўдароз рафт. Шоҳи ҷавон аз устодаш Лисимахи ҷуғрофидон маслиҳату роҳи кор меҷуст; аз Аристандри раммол пешомад дархост мекард; ва ҳама андешаҳоро шунидаву дониста рў ба Барзин меовард, ки чӣ пешгўйӣ кунад; фоли ў ҳамеша нек буд, вале азобу машаққаташ зиёд…
Ва ин ҳамаро Коллисфени таърихнигор намедонист ва нозукиҳои сафару набарди шоҳи мақдуниро сабту тасвир карда наметавонист. Пасон аз рўйи нақлу ҳикоёт; таърифу ситоиши баъзе ҷанговарон ва хашму ғазаби барор нагирифтани кори бархе сарбозон саҳифа таҳрир мекард. Аристобуси Кассандрӣ ба таври хеш менавишт ва Биталомуси Мисрӣ барои хеш менигошт, то рўзе ҳама дурдона ба ришта кашад. Ў, ки ҳамнишину ҳамсафари шоҳи ҷавон буд ва аз хурдӣ то имрўз хубтар аз худаш Искандарро медонист; аз ў ҷудойӣ надошт; баъзан аз барои Тойис рашк мебурд; аз бузургиву далерӣ ва маҳорати лашкаркашии пури Файлақус чашм пўшида наметавонист. Зеро ҳама ба барори кори шоҳ ва бемаргии Искандар мекўшиданд ва яқин мекарданд, ки ин шоҳи ҷавони худогоҳ ҷовидона хоҳад монд. Ва аммо имрўз дам кардан ва дамидани дарёи атрофи Тирро чашмдор набуданд; пиндошта, ки Искандар чунон гардад, ки андар хушкӣ. Лашкаркаши ҷавон, аммо беназир дар ягон набард чунин ранҷ накашида ва чунин «масхара» ҳам нашуда.

пешина
аз 391
навбатӣ