Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Аз ин рў сахт ба хашм омада, дорумадор мекард, то оташи дар қўрадони ҷанг афрўхтааш хомўш нагардад; онеро нигарон буд, ки баҳр ором, фазо беабру меғ ва ҳаво бебоду тўфон бошад…
… ва авохири тобистон Искандар чунин рўзро дарёфт. Хунҳои рўйи об полуда гаштанд; дамма то соҳил расид; сафинаҳо, мошинҳои ҷангӣ, амаду заврақҳо, дастгоҳҳои набард ҷо ба ҷо буданд ва сипоҳу сипаҳбадон омода. Ҳама гўш ба фармони амирулбаҳр доштанд. Киштиҳои ба шаҳр наздик омада, бурҷу манҷаниқҳо бар дўш, тўпу сангҳо дар даҳон, дар бандару атроф лангар андохта буданд. Тўпҳову сангҳо аз нав ба буну марзаву деворҳо бархўрданд; шаҳру диж ба ларза омад; ҷазира ҷўшид, вулқон кард.
Як сў валу вайрон мешуд, як сў мешикаст, як сў месўхт. Чунон буд, ки ба замбўрхона чўб хаста бошанд. Сипардорону найзаварони таҷрибаи ҷангӣ дошта ба воситаи пулҳои ларзону муаллақ гузашта, бурҷу бораи шаҳрро иҳота карданд. Саркардаи онон Адмати далеру шуҷоъ ҳамлавар шуд ба шаҳр. Чун тириён саргарму гирифтор ба ҷавобу баргардонии зарбу ҳарби тиру тўпи бурҷу манҷаниқ ва тирҳои паррони тирандозон буданд, ноогоҳ монданд аз амалиёти найзаварони Адмат. Чунин диловарии сипардорон Искандари ҳайронро нерў бахшид, то ҳамроҳи «Дўстон» рў ба дижи шоҳӣ оварад. Зеро дарёфтанд, ки аз он ҷо ворид шудан ба шаҳр осон намояд. Вале Искандар якрост ба диж даромада натавонист. Ҷанги рўёрў ба миён омад. Искандар дар ин набард беназир буд чунон ки далерон дар афсонаҳо…
Мақдуниён девори дуввумро низ шикастанд. Ҳама амалиёте, ки тириён барои нигоҳ доштани девори аввал карда буданд, дар пойдории девори дигар низ карданд, аммо суде набахшид.
Искандари дамонтар аз шери жиён хашмиву бурунрафта аз хеш ҳамлаҳои ногаҳонӣ мекард чунон ки гургон сўйи рама. Ба ҳеҷ нерўе ҳуҷуму ҳамлаи ў боздошта намешуд. Аз шикастаҳо, вайронаҳо, харобот, миёни оташ, зери тирборон, машъалаҳои фурўзону қири сўзон якранг убур мекард ва ҳуҷумовар буд ба диж. Ва дар, ҳама ҷо Азимулмулкро меҷуст, ки чунин ташвиш, ғам ва хашму ғазабро ў бор карда ба сари шоҳи ҷавон. Агар ба даст орадаш ҳамаро бозпас баргардонад бар сари ў. Лекин дар ҷое пайдо накард шоҳи Тирро. Умед дошт андар Тир пайдо кунад ва ба ҷойи дирафши тириён андар қуллаи диж – тори гунбад ба дори баланд кашад маликро.
Нардбонҳо ба тани деворҳои диж боло шуданд. Сипоҳи пиёдаи мақдунӣ чун нонхўракҳо ба деворҳо часпиданд; бар сари бораҳо нишаста, нардбонҳоро кашида дарун гирифтанд ва рехтанд ба диж. Каси аз дур ё болову баландӣ дида мегуморид, ки об рехтаанд ба хонаи мўрон. Онҳо аз пайроҳаҳои хеш бурун омада, худро мезаданд ба ҳар сў; аз тасодуф бархўрда ба ҳам, роҳу равиш гум карда буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё