Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандар бо машаққат бигирифт дижро ва дар ҷое пайдо накард Азимулмулкро. Дирафши зарди мақдунӣ парафшон нашуд дижро. Балки дуди сиёҳ боло шуд ва оташ забона зад. Шоҳи мақдунӣ пиндошта, ки чун оташи ҳисор фурў нишинад, паст гардад оташи ғазаби ў низ.
Искандар Тирро шаҳри хеш ҳисобид ва Азимулмулкро мурда пиндошт андар миёни мурдаҳо: сарҳои аз тан ҷудо, танҳои бесар, китфони бедаст, дастони аз тан ҷудо, пойҳои шилҳа, гўштҳои пора-пора, лошаву ҷанозаву ҷасадҳои бенафасу беҷон, тирҳои ба синаҳо халида, рўйҳои ба хуну хок оғишта, чашмони кушодаи сокит ва танҳои ҳанўз ҳам ҷонбозу ҷунбон ва хунҳои баставу шорон, кулаҳхўдҳои парида, зиреҳу ҷавшани ворафта, шамшеру сипарҳои бесоҳиб; ва бисёр вомондаҳои ҷанг: тиру камону сангу машъалаҳои дудашон болокаш ва ниҳоят фарёдҳои нимҷону беҷон… Пайдо накард ўро. Чун касе Азимулмулкро фарқ намекарду намешинохт аз дигаре, пиндоштанд ҳар ҷасад лошаи шоҳи Тир аст.
Тириён ҷон меканданд ба дифои шаҳри хеш. Вале роғ шудани деворҳо, шикасту сўхтори диж, замин газидани сарбозҳои зиёд ва беному нишон гаштани ҷанговарон эшонро парешон карда буд; дар шаҳр танидани пиёдагардони сипоҳи мақдунӣ парешонтар.
Ба танг овард Тиру тириёнро. Ҳамлавар шудани душман ба шаҳр боиси наздик омадани киштиҳои ҷангӣ ва набарди онон гашт.
Сафинаҳои ҷангии финиқӣ андар бандари «Миср» киштиҳои тириёнро ба гирдоб андохтанд – онҳо ҷувозак мегаштанд дар ҷойи хеш, дакка мехўрданд ба ҳам, ба садамаҳо дучор мешуданд ва мерафтанд ба дарёи бетаҳ ва фано меёфтанд. Чунин ҳол андар бандари «Судон» низ буд: киприён, ки маҳорати беназири киштиронӣ ва обтаниву обдонӣ доштанд, ҳуҷумовар шуданд бар киштиҳои бандари «Судон». Зи нав ҷанги баҳри кушод шурўъ шуд ва киштиҳои як бор аз оварди баҳрии Искандар гурезон гашта бори дигар рў ба фирор оварданд. Аммо натавонистанд дур бираванд. Чун сафинаҳои бандари «Миср» бирафтанд ба даҳанаи гирдоб.
Ин навбат низ омад накард тириёнро. Ҷою манзили хеш ба киприён доданд. Киприёни ба тириён наздиктар ва қаринтар аз мақдуниҳо соҳиб гаштанд қисми шимолии Тирро. Тириёни диловару ватанхоҳ дар чунин вазъу ҳол ҳам ноумед намегаштанд, сар фаровардан намехостанд адуро. Онҳо фурўтар рафтанд ба шаҳр; андар майдони Агерони назди бандари «Судон» гирду муттаҳид шуданд ва тахтапуштҳо ба ҳамдигар ниҳода, ҷангиданд; чунон ҷангиданд, ки гўйӣ ҷони андар қавас ва дар қафас кабўтар ва даруни кабўтар кирмаке мондаи тириён эшонанд. Онҳо сурхрўй ва сарбаланд мурданӣ буданд, аз ин рў сар андохтан намехостанд.

пешина
аз 391
навбатӣ