Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ба оҳанги ба карона бархўрдани амвоҷи баҳр сурўди ватанхоҳона мехонданд:
«Агар ту ватандорӣ, ватанҳоҳӣ,
Сар бидеҳу сар маяндоз!»
Искандар баъди шунидани тарҷумаи матни сурўд хашмитар шуд. Хурўшид, ҷўшид. Илоҷи худро бар эшон заданро наёфт.
Фавҷи сипардоронро ситезонд бар эшон. Ончунон шуд, ки хун ба дарё омехт. Сарҳои парида ба дарё рафтанд чу гўй; ҷасадҳои афтида тўъмаи наҳангон шуданд чу Юнус. Кам тириёне монда, ки ҷон ба саломат монда бошанд. Ҳар кӣ ҷон азиз донисту ба дасти душман афтидан нахост, рў-рўйи танҳои хуфтаву мурда гурехт; шаҳри мурдаҳоро дида, аз соҳил ба об ё аз об ба соҳил нарасида девона шуд ва афканд хешро миёни мурдаҳо…
Ва баъди рахна заданҳо, валу вайрон карданҳо, хун ба дарё омехтанҳо гиппархи (сарфавҷи савора) сипоҳи Искандари Мақдунӣ пури Полемократ – Кени тавоно ба шаҳр даромад. Корзоре шуд, ки тириён чашмдор набуданд. Онҳо гумон ҳам надоштанд, ки асбу савор дарояд дар ин шаҳр. Ва баробари чун деву ёв ҳуҷумовар шудани саворон ғалмағал ва доду фарёди хурду бузург ба миён омад; чунон ки галаи шағолон зада бар селаи мурғон. Паррандагон париданд аз шохсорон; гурбаҳо давиданд ба гурбадавҳо; сагон зуза кашиданду тохтанд ба ҳар сў ва аз осемасарӣ, лоилоҷӣ ҷувозак гашта, думи хешро душман пиндошта мегазиданд ва девона гашта, кори накардаашонро карданд: чу гўрков ва мурдахор ба хўрдани ҷасадҳои фавтида шурўъ карданд ва масти беёд гашта, аз тохт ва суму наъли асбон бим накарда сар аз даридани пардаи шиками майитҳо набардоштанд.
Сипоҳи мақдунӣ сар аз иҷрои фармони қатлиоми Искандар барнадошт, чунон ки сагон аз хўрдани гўшти мурдагон. Сагон аз мурдаҳои гандида ва бўйгирифта низ рў наметофтанд; аз он ки хўранд, бештар дарида ва рўдаву дилу ҷигар бурун оварда; лабу даҳон хунолуд, дарранда гашта буданд. Ва аммо ба асбу саворон коре надоштанд. Сипоҳи мақдунӣ қатл мекарду месўхту мебурд, касеро ёрои пеш омада мурда дидан ё бурда гўронидан набуд.
Зеро парранда пар занад, параш месўхт. Тамузи тобистон ҷазира ба кушишхонаи бадбўй табдил ёфта буд. Ва як бор сагу сарбоз ба ҳам дарафтоданд; гоҳе ки саг мурда мехўрду сарбоз ҷайби мурдаро мекофт. Ончунон шуд, ки саги ба одамхўрӣ одаткарда ҷаҳида аз хекиртаки сарбози баднафс гирифт ва сар надода, кушт. Дар амри қатлиом илова карданд, ки сагон низ беамон кушта шаванд.
Сўхторҳо ба миён омаданд. Кабўтарон бом ба бом шуданд; нишеман гум карданд; дар фазои дудолуд ва ҳавои ғализи болои шаҳр ба парвоз омада, бо ҳаросу ташвиш пару бол мезаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё