Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гурбаҳо чун кўдакони модаргумкарда нолаву шеван доштанд ва сагони даҳонашон ба гўшти мурда нарасида гургона ва бекасона зуза мекашиданд; хешро ба дарё мезаданд ва ё ба бандару даммаҳо.
Вале ҷое бе сарбозон ва сафинаҳои лашкари мақдунӣ набуд. Қиёмати сағир рух дода буд он замон: дижу кўшку кох месўхт; бурҷу бораҳо хокистар гашта буданд ва қатори нўкчўбиҳои нимсўзу фурўзон воруна мерафтанд ба хок; охирин дору сарсинҷу зерсинҷҳо, дару тирезаҳо дуд мекарданд; зарфҳои қатрону қиру нафт метаркиданд ва дарахтони оташ сар ба фалак мекашиданд; гўйӣ адў равған бар оташи фурўзон мерехт. Аз сари бораву бомҳо, бурҷу манораҳо ба сари сарбозони мақдунӣ сангу чўб ва қиру қатрони сўзону машъалҳои фурўзон андохтани ватандорони тирӣ мадад накард. Харобот гашт Тири обод. Ҳашт ҳазор мурдаи тириёнро ҷуз сўхтану ба дарё андохтан илоҷи дигаре набуд, то шаҳр аз бўю тафи мурдаҳои аз гармо гандида раҳо ёбад… Илоҷи ин корро вақте пайдо карданд, ки Искандар шоҳи Тир Азимулмулкро ба даст наоварда ва ё мурдаву зиндаи ўро надониста, хешро ҳокими мутлақи Тир донист ва марду зани шаҳрро асиру бардаву бандаи худ хонд. Сӣ ҳазор барда ба фурўш монд. Аз тани баддидагонаш сар канду дасту пой; вале аламаш кам нашуд, оташи ғазабаш фурў нанишаст. Ва намедонист хастагии ҳафтмоҳаро чун рафъ кунад аз тан. Занони зебо, кўдакони бегуноҳро ба ғуломӣ пазируфт; пирони барҷомонда ба ҳукми мурда буданд; фоли бад ба номи ҷавонон афтод… Искандар фармуд салиб созанд дар саросари соҳил ду ҳазор. Ва ҷавонон чормех бар салибҳо кунанд чунон ки Исоро…
Устову дуредгарон оварданд ва чанд муддат салибҳо сохтанд андар саросари каронаҳои ҷазираи Тир. Гумон мерафт ба ҷойи деворҳои шикаставу афканда лашкари мақдунӣ тахтадеворҳо кашад. Вале ҳайҳот! Пеши чашм ду ҳазор ҷавонони шуҷоъу далер ва саркаши тириро, ки ватан барояшон ҷону тан буд, бар салибҳо чормех карданд. Устоҳои бехабар баъди дидани чунин ҳол тешаву потеша ба пойи хеш заданд; бо арраҳо дасту пой арра карданд; бархе мех бар гўшу пешонии хеш заданд ва зиндамондаҳо касбу ҳунар тарк карданд.
Он рўз зилзила шуд андар ҷазира; сахт ларзид Тир ва баҳр дамид. Чунон буд, ки тўфон ин киштии азиму гаронро бар дарё андохта бубарад ҷойи дигар. Мақдуниён низ дар ҳарос афтода, аз тарси ҷон охирин салибҳои ҷавонкушро рост карда натавонистанд. Искандари бераҳм, ки то имрўз чунин ҷабру зулми чашм надидаву гўш нашунидаро раво надида буд, аз кардаи хеш ҳайратзада бозмонд. Чашмонаш манзара медид, аз дамидани баҳр метарсид; салибҳоро канда ба об афкандани амвоҷи баландро дида ранги рўяш меканд ва лоилоҷ монда буд; дар дил тавба дошт, ки зинда монад, дигар чунин накунад.

пешина
аз 391
навбатӣ