Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва боз аз дили ў чиҳо мегузашт, ҷуз худаш касе намедонист.
Тириёни боҳунар, ки бо ҳазор армон дар ҷойи лоимкон ин шаҳри афсонавиро бунёд карда буданд, чунин ситам, ҷабр ва азобу шиканҷаро бори нахуст диданд; онҳо чунин «тамошо»-ро орзу надоштанд. Пеш аз ин ширинкорону масхарабозон ва ҳунармандони касбӣ бисёр чизҳо намоиш дода буданд, вале чунин «санъаткорӣ» – ро бори нахуст диданд: хунҳои шорону чакон аз банду кафи дасти кўфтамех, чашмони гирёну ашкони равон, сарҳои хамида бар сари сина, дидаҳои пўшидаву ҷабинҳои пурчин аз дарду азоб, пойҳои кашоли беҷон бар тахтаҳои салиб мусаввараҳои зиндаи мурдае буданд, ки на рассоме кашида ва на таърих дида. Гўйӣ намоиш на барои тириён ва тарсондани чашми эшон, балки мақдуниён, юнониён, эллиниҳо, финиқиён ва киприёну судониёнро буд. Аз байни тамошогарон танҳо судониён ба кўмаки Маликуррум омада, даст гирифта, хулоса бароварданд ва ба таҳлука афтоданд. Онҳо номаълум аз сафи тамошогарон хешро пас кашида, бо тириён забон як карданд ва онҳоро дуздӣ ба киштиҳои судонӣ ҷо намуданд ва то тамом шудани «тамошо»
– и чашмнадида бурданд ба ватани хеш Судон.
Офтобе, ки сўйи Мағриб ба баҳр фурў мерафт, хунин буд ва рўйи дарёро хун андуда. Ҷуз тавба кори дигаре намонда буд.
Рўзгори даҳшатзо чашми саркашонро тарсонд. Порсиёнро, мисриёнро ба андеша водор кард.
Барзини дуҷон аз чунин манзара чашм пўшид. Аммо даруни сараш олами ғавғо гашта буд ва аз миёни талотуму мағал ҳарферо рўшан ҷудо карда наметавонист, то бар он такя кунад. Чашм кушоду зуд пўшид, то набинад; набинад манзараи даҳшатборро, набинад Искандари хунхорро… Даст бар шикам ниҳода, ба андеша рафта буд, ки ҷанини дарунашро афгона кунад ва ё чун нусхаи дигари Сикандар ба дунё оварад?
БАНДИ ДУВВУМ
Дари сангини даруни ҳарами Гераклро дертар пайдо карданд; гоҳе ки Азимулмулки аз карда пушаймон дари вазнину сангинро аз нарасадани ҳаво нимроғ кард; нимроғ карду андаке ҳавои серун даромад ва ў лабу даҳон ба роғ гузошта ҳаворо фурў кашид чун ташнагон ва гўйӣ нафаси гарму гирифтааш берун зад, ки асрор ҳувайдо гашт. Шоҳи Тир чунин рўзи мабодро дар назар дошта, ҳуҷраи рустии дарунро бе ғурфаву бе равзана сохт; ҳолиё пушаймон, ки равзанаву бодконе лозим будааст ва ё гурезроҳаи зеризаминӣ. Ҳуҷра торики беҳаво ва ба зер фурў рафта чу зиндон.
Шоҳ ба пойдевори таҳхона монанд сохтани дари сангини ҳуҷраро фармуда буд, то касе фарқ карда натавонад дарро аз девор, аммо пеш омадани чунин рўзи сахт ва азоби онро наандешида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё