Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гумон надошт, ки шоҳ ба худ зиндон созад ва ё гўри торик; пиндошта буд, ки рўзи мабод ба сар ояд, дар як лаҳза сипарӣ гардад ва зуд рўзи равшан фаро расад. Вале чунон шуд, ки ў аз гўри сохтаи хеш зуд баромада натавонист. Пушаймон шуд, ки ноҷо сохта будааст ин паноҳгоҳро; зеро агар ин ҷо набуд, ў умед кашида намеомад, пинҳон намешуд ва шояд ғурури ватандориаш боло гирифта ҷанг мекард бо душман. Аммо ба умеди наҷот хешро гирифтори бало кард. Маданг дар дасташ, аммо аз баромадан тарсад. Тахмин шунид, ки дар пушти дари сангин гуфтугў доранд; деворҳоро ламс мекунанд, мушт мезананд, то пўкӣ ё хаволие пайдо шавад. Ў шунид, ки дарро низ кўфтанд. Садои дари вазнину сангӣ фарқе надошт аз садои девор. Медонист, ки дар торикии он ҷо низ дарзи мўй ва дастгираки таги дарро намебинанд. Вале чун хаёле бўйи дудаи машъал аз мўйдарз ба машомаш расид, тар кард: «Вассалом… Ба худ гўр канда будааму бехабар…» Дар берун як бетартибӣ: тахмин мекунад ў ва медонад, ки ҳар чӣ дар берун ҳаст, бубаранд. Ва ҳатто сарбозон барои пайдо ба якдигар ситезида сари якдигар гиранд.
«Ман зиндон нахоста будам… Наҷотгоҳ фармуда будам…
Саломат монам, бо он устоҳо чӣ кор кунам… Нобакорҳо! Душмани ман шумо будаед, гила аз бегонагон дорам… Ақаллан нур натобад, э нобакорҳо!»
Боз кўфтанд дарро… Ва ў тар кард.
Шоҳи тарсу пушт ба дари сангӣ дорад ва зўри тела додану кушодан надорад. Яқин карда, ки лоҷарам бояд бимирад; хоҳ дар кушода гардад, хоҳ на. Ў донад, ки дар берун барояш чизе намонда: на ҳаёт ва на воситаи ҳаёт. Андарун як халта тиллои холиси порсиву нафаси тангу гирифта ва ними ҷоне. Пойҳои ларзон, ки вазни гарони ўро бардошта натавонистанд, ҳолиё дар зераш карахту кунда шудаанд, сиху сўзан мезананд; ў наметавонад пушт аз дари вазнину сахт баргирифта хезад ва ба олами рўшан барояд. Намояд ўро, ки андаке пас тани беҷонаш чун тўбраи холӣ дари сангинро соидаву лағзида дароз ёзад ва ё гарданаш рўйи китф каҷ шуда бимирад ва касе он дарро пайдо накарда, мурдаи шоҳ дар ҳисоби сагхўрдагон дарояд… Мурдааш гандида, бўйида хонаи тангро биолояд ва кирм карда кирме аз роғи танг бурун омада асрор ҳувайдо гардонад… «Девона… Хаёлҳое мекунӣ, ки…»
Хестанӣ шуд, натавонист, балки бар пойҳои беҳису беҷонаш вазн андохта нишаст. «Чаро ёваре ҳамроҳ нагирифтам? Ақаллан дари сангинро тела медод… Аз мурдаам бохабар мешуд; хабар ба дигарон мебурд… Тела дода роғ пайдо мекард… Ҳаво медаромад ё дигарон хабардор мешуданд, ки ин ҷо гўри торикест… На-а-а… Ин ҷо мурда, гандидан беҳтар аз он, ки душман бикушадат. Ҳамроҳ ҳам лозим нест… Боз хиёнатҳо ба амал меояд, мисли хиёнатҳои аҳли башар, ки гоҳо таърих месозанд…

пешина
аз 391
навбатӣ