Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ҷое ду нафар бошанд, ҳар ду хоинанд; Ин Онро бифурўшад, Он Инро… Бовар карда намешавад; ба касе бовар карда намешавад... Мурдан пеш ояд, танҳо ҳам бимирӣ; бо ҳазорон кас танҳо бимирӣ, бекас бимирӣ, бесоҳиб бимирӣ. Хубаш танҳо мурда, ба дасти душман наафтидан, то ҳама қасду қасоси таърихиро аз туи танҳо наситонанд…
Тарсам, ба даст афтаму ҳама қасди тириён ситонад аз ман. Ҳама алами порсиён бигирад аз ман ў – шоҳи мақдунӣ…»
Шоҳи ноогоҳ аз ҷасадҳои дар офтоб хушкидаи сари силибҳо гумон дорад, ки тахтапушти арақкардааш санги сахтро соида фарояд ва пўсти виреҷ шудааш бо хун ба курта баста, пасон ба санг часпад; гаронтар шавад вазни дарсанг ва абадуддаҳр касе онро кушода натавонад… Тарсид ва воҳима гирифташ, ки мурдан бошад, чӣ ҷойи пинҳон шудан. Вале андешаи чанде пеш ба сар омада водораш кард, ки мирад ҳам, аз ҷафои душман намирад.
Худ аз худ андаке ковок шуд аз тахтасанг. Даст ба пушт бурд, то харошад тахтапушташро ва пўсти дар хаёлаш аз гўшт ҷудо гаштаро бозчаспонад.
Гўр ҳам ҳамин қадар мешудагист. Торик. Беҳаво; бесадо. Танҳо як садои вазнин-вазнин нафас кашидани ҷондоре паст ба гўши ў расад ва фарқ карда натавонад, ки чист: «Кишк!» Мор ё муш пиндошта паст кишк гуфт, то аз берун нашунаванд ва дарёфт, ки мадораш рафта, ҳатто дурусттар кишк гуфта натавонад, ки агар ҷондоре бошад, гурезад; баракс аз садои пирона ва беҳанги ў ҳар чӣ бошад, шерак шуда дарафтад. Чашм мекушояду мепўшад, чизеро намебинад; ба назар кўртар метобад чашмонаш. Пас дастони нимҷонашро пеш бурда ва гирди хеш мепалмосад, ки ҷонваре бошад, ба танаш нарасад.
Хаёлан тела дод дарро; кушода нашуд. Умедканда шуд аз гетӣ.
Тахтапушташ бори дигар санги сахтро соида фаромад ва камарбанди шоҳонааш ба чизе андармон гашт; ба дастаи аз худи санг тарошидаи дар. Пойҳои нимқаташ як зайл монд; на нишаста тавонад ва на хеста. Чунон ки аз камараш овехта бошанд, хўрдааш аз даҳону бинӣ бурун ояд. Зўре надорад, ки вазнашро бардошта хезад ва камарбанд аз дастаи дар раҳо кунад. Аз пой овезанд, аз гардан овезанд; вале ў худро аз камар овехт. Мурдаеро монад, ки каҷпаҳлў зада.
Чизе бархўрд ба рўйи пояш. Надонист, ки чист. Боз бархўрд.
Яке ба дигаре зада садо дармедод. Садои воҳимадор на, садои нарму форам, ки ба дил умеди зиндагӣ меовард. Лекин ўро нафорад. Нўшдорўи пас аз маргро монад. Донисту шинохт садоро; садои ба ҳам бархўрдани тангаҳои зарин, ки ба хотири онҳо зистанӣ буд ва маънии зандагиро дар он медонист; агар кас онро надошта бошад, чу чорпое бошад, алаф аз саҳро хўрад. Вале ҳолиё қадру қимат надошт зар, балки садои бедоргари он ба гўши соҳибаш нафорад: «Ҳеҷ будааст олами ҳастӣ.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё