Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

На! Танга аз камарбанди андар дастаи дар ҳамоил гашта на, аз бадрае мерехт, ки андаке пеш барои ба наҷотбахшеро зар додан даҳонбанди онро кушода буд. Тангаҳо чунон мерехтанд, ки касе ба шумур «як, ду, се…» гўён пеши пояш меандохта бошад.
Фоли нек набувад. Вопасин умед биравад аз даст. Ройгон резад; ройгон равад; пасовандон баъди ҷустуҷўи зиёд ин гўру зиндон пайдо кунанд ва дарёбанд, ки ин устухонҳо устухони шоҳи ғайбзада ва сиккаи тангаҳо ба айёми давлатдории Азимулмулк рост ояд: «Ҷав корӣ, ҷав даравӣ.» Садои муттасил бархўрдани тангаҳо таъсираш кард.
Чунон ки чароғ хона равшан кунад, дар танаш мадоре ё рамақе аз ҷон пайдо шуд. Талвосаи хестан дорад. Пойҳои нимҷон тира ба фарш кард: «Ҳар чӣ бодо, бод!» Донист, ки умеди зиндагӣ барбод рафта, талвосаи ҷон кунад; вазнаш дарро тела дод. Хаёле роғ пайдо шуд. Рўшанӣ даромад ва ҳавои тоза. Хешро биношуда пиндошт ва равонаш дигар шуд; рўҳ гирифт. Одамӣ ношукр ва шири хом хўрда: пушаймонӣ кард, ки чаро тангаҳои рехтаро бознадошт. Агар ҳолиё нишинаду бичинад, дубора барнахезад.
Бало ба паси моли дунё, ҳолиё кори дигар бояд кард: илоҷе карда хешро аз дар бурун гирад, то мурдаву зиндааш нагандад. Дари гаронвазн пушт рафт оҳиставу вазнин ва шоҳи нимҷон баробари он. Паҳлў зад ў аз дастаи дар камарбандаш андармоншуда раҳо ёфтаву ба пой истода натавониста. Сару китф то миён аз дар бурун ва аз миён поён дарун дароз афтод. Тангаҳои боқимондаи бағалаш рехт ва бадра холӣ бимонд. Шоҳи бефарру бемиғфар беёд низ буд…
Тириён, ки дилу гурдаи гашту гузор надоштанд ва ҳуқуқи инсониашон аз даст рафта, шаҳрванди Тир буданашонро касе ба инобат намегирифт, назди шоҳ омада наметавонистанд ва ё ба чунин рўз афтидани шоҳро намедонистанд; аз ин рў нафарони бегона омаданд назди ў; ду нафар аз сарбозони мақдунии найзадор ба ҳоҷат ин ҷо даромаданд. Онҳо дари сангини нимбозро дида дар ҳайрат монданд ва пешобашон гурехт. Пештар омада марди хуфтаро диданд. Тангаҳои рехтаро диданд. Мурдаро монда тутхўрӣ, ба одам кордор нашуда, ба тангаҳои рехта дарафтоданд; талошу пархош карданд; болои мурда афтиданду хестанд. Мурдаро берун кашиданд, ки зераш пур аз тиллост. Тангаҳои дарун рехтаро диданд ва чун мурғи донахор тангаҳоро чида-чида сўйи дом рафтанд. Баробар рўйи тангаҳои зард афтиданд ва дарафтиданд ба тангаҳо, ба якдигар; пушту кафи дасти якдигарро чангол кашиданд. Оғоз шуд ҷанги нафс. Пушти дастҳо ва соидҳо хуншор гаштанд. Ду даст мерафт сўйи як танга; кадоме зўр ё чолок бошад, он мегирифт. Онҳо ду хурўсро мемонданд, ки ба ҷанг даромада, сархам ба якдигар дамида, пари гардан фаххонда, пой ба замин тира карда, ҷаставу ҷаҳида, фурсат ёфта; тоҷгирӣ, панҷазанӣ, минқоркўбӣ мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё