Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Чун тангаҳои замин чида шуд, найзаҳо тир карданд сўйи якдигар:
«Аввал ман дидам!»
«На! Ман пайдо кардам!»
Шоҳи нимҷон ҷон гирифт. Ҷанги нафс бедораш кард; гўйӣ ҳушёр шуд. Ва аз паҳлўи соиди рост нигарист ба зиндони торик. Надид онҳоро… Садояшон паст шуд, баҳсашон хомўш гашт; магар қаноат карданд, ки ором шуданд. Азимулмулк андаке хешро бурун кашид ва пойи каммадор тира ба дари сангин карда, тела дод, то дуртар лағзад аз дар. Андаке лағзид дар ва бо вазни гарони худ пўшида шуд. Ҷафс пўшида шуд, чунон ки аз девор фарқ карда нашавад. Ба пиндори хеш хидмати таърихӣ кард.
Онҳо монданд даруни «қабр». Дар замири мурдааш умед ва фараҳ дамид, ки набарди дерёзу сахту сангинаш анҷом пазируфт; инак бояд фароғат кунад, дам бигирад. Пасрў хобид. Мурдаи мурда шуд, то касе пайдо накунад ва шоҳ буданашро дарнаёбад. Вале чунин рафторро роҳи халосӣ надонист; ҳам пойи гурез надорад, то ҷон раҳо кунад… Садое нест. Ангушт мушт кард ба зўрӣ, лаб газид, китфон дар ҳам кашид, то як тор гардад вуҷудаш; буду шудаш ба ҳам ояд, рўҳу нерў гардад, ба пеш лағзида тавонад; дуртар равад аз ин гўре, ки барои хеш сохта будааст; ба чашми даррандагон нахўрад…
Чаҳорпо гурезон шуд. Чун тифли навпо чорғов рафт. Дарёфт, ки мадоре дорад, қомат бардошт. Деворро дошта рост шуд. Хеле истод. Ларзаи пойҳояшро боздоштанӣ шуд; ба дари сангӣ нигарист. Оне ларзаи пояш монд, боз ларзид; аз тарси он ки ҳолиё он ду тан аз гўр бароянд ва ўро душмани ҷон дониста лахту палахт кунанд. Гурезон шуд; ба хаёли хеш чунон гурехт, ки… Аммо дастонаш ба девор ва пойҳояш ларзони беҷон буданд. Бо вуҷуди он чун тифл ларзидаву ҳаросида, деворро дошта гоми аввал бардошт; чанд қадами ларзон монд ва тарсу ба пас нигарист, ки дар кушода шуд ва ё садои дигаре?
Шоҳи бе тоҷи хусравонӣ, ҷомаи фохир ба хок оғишта, мўросо сўйи рўшанӣ мерафт, ки азоби торикиро дида буд ва дониста, ки мурдаву гўр чӣ гуна шавад. Бозистод. Фикре ба сараш зад ва даст аз девор хаёле бардошта, гўйӣ дар олами рўъёйӣ бошад ва кори ношуданиро сомон медода бошад, бозистод. Аз ҷони набаромада умед, бояд бо онҳо ситезад… Ситезу дарафтидани оддӣ на, бояд бикушадашон ва либоси якеро пўшида бадар равад; хешро сарбози кироя вонамуда, шаҳри вайронаву сўхтаро давр гашта, ҷо-ҷо хештан ба девонагӣ зада; калавидаву баъзан даст ба худиву бегона афшонда гузарад; ба харобаҳову ворафтаҳо эътибор надиҳад; оҳиставу ором ва ногумон дур афтад аз шаҳри сўхта. Расад ба киштие ва рў панаҳ кунад; набинад рўшиносеро, то ишора бо ангушт накунад; таъна назанад, хабараш ба дигарон набарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё