Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

«Аз саркашиву қайсарии худат; аз ватанпарастиат; аз ору номусат шуд ин ҳама» нагўяд. Боздошта назди шоҳ Искандар набарад…
Ва чун аз дунёи хаёл баргашт, зўре, нерўе набуд дар тан.
Ҷуссаи хешро кашида наметавонист. Сар монд ба девор, дароз андешид ва ҳар гоҳ сўйи дари сангин менигарист, ки дар қафо монда буд. Ба чизе – нерўе, кўмаки каси ошное, мадади намакхўрдаҳо, ёру ёварон зор буд, аммо касе наменамуд дар шаҳр ҷуз ду тани баднафси ҳарими ҳарам; гўё дўстон ҳам, душманон ҳам фано гаштаанд.
Аз деворҳои сангӣ садои дигар омад: садои суму наъли асбон, сафири шамшер, овози шикастани тўпу бурҷу манораҳо, афтидани деворҳо ва нафири занону кўдакон. Аммо чун бодиққат менигарист, чизеро намедид.
Ҳуш дар сар надошт, зўр дар тан, вале беҳушона ҳаракати рафтан дошт, ки шоҳе мисли ў бе тоҷу тахти шоҳӣ пешвозаш гирад ва хуш пазирад. Аммо дучор омад ба сарбозони кирояи сипардор. Онҳо тозон омаданд ва аз ду паҳлўи ў бо сипарҳо пахш карданд, ки сайди гурезонро дошта бошанд. Азимулмулк, ки ёрои сухан ва зиддият надошт, аввал ба рост, пасон ба чап нигашта, назар андохт ва ҳеҷ якеро нашинохта, сар ҷунбонд: «На.
Нашинохтам.» Баъд ба ишораи сар, ки чунин амру фармон одат шуда буд, пешро нишон дод.
«Бубаред…»
«Куҷо?»
«Ис… кан… да-ар!»
«Назди шоҳ Искандар бибарем?»
«Ҳммм…»
Онҳо хандиданд: «Туро чиву назди шоҳ Искандар рафтан чӣ?»
«Бу-ба-аре-ед!»
Суханаш зўр надошт, аммо оҳанги амр дошт. Онҳо ба ҳамдигар нигаристанд; боз хандиданд:
— Ту кистӣ?
— Шоҳам.
Боз хандиданд. Ва чун ба ҷомаи лойолуди ў бадиққат нигаристанд, диданд, ки фохир, мурассаъ ба зару зевар ва зарнигор аст, дам ба дарун гирифтанд ва пеш андохтандаш. Шоҳ ду бозувон чун чўҷаяки навбол кушод, то мадади роҳгардӣ кунанд.
Бурдандаш, тарзе ки мехост.
Искандар шоҳи сарлучро дида хандид; бовар накард, ки султони зиёд ҷустаашон ин бошад. «Сохта. Шояд дарвеше ва роҳзане шоҳи Тирро кушта, либосаш ба бар карда бошад» аз дил гузаронд шоҳ Искандар ва аз дари шодурвон гоме бурун ниҳода гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё