Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На! Шоҳи Тир набояд чунин бошад. Ў бояд либоси ҷангӣ ба бар, кулаҳхўд ба сар ва соқпўшу дастпўши рўйин дошта бошад.
Зеро ватанашро душман гирифтааст. Ў бояд ҳифзу дифоъ кунад.
Ё ба базм мерафтӣ, ки чунин ҷомаи фохири идона дорӣ?
— Манам шоҳи Тир, Азимулмулк! Азбаски зиндониам карданд, натавонистам ба пешвозатон бароям, шоҳи олам! Чун озод аз зиндон шудам, майли дидори шуморо кардам. Афтону хезон сўятон омадан доштам, ки сарбозонро дучор шудам ва хоҳиш кардам, ки маро назди шумо биоваранд. Онҳо бовар накарданд.
Бо шубҳа ба ман нигаристанд…
— Ман низ бовар надорам. Фарру шукўҳи шоҳӣ надорӣ; оғишта ба хокӣ. Чунон намояд, ки шоҳро кушта, либосаш пўшида, хешро шоҳ сохтайӣ.
— На! Ман ҳастам ҳамон Азимулмулк!… Ин оғиштагӣ аз хоки зиндон аст. Ман аз ибтидои ҷанг ҳаваси рўйи шуморо доштам; бо нону намак ба пешвозатон омода шудам; маро душманони худӣ ба зиндони сангӣ андохтанд. Вале ба куштан ҷуръат накарданд.
Зеро умедвор буданд, дар овард пирўз мешаванд ва… ва маро то замоне посбонӣ карданд, ки аз ҳолат рафтам ва надонистам, ки оқибати ҷанг чӣ шуд. Дари гаронвазн ва сангии зиндонро кушода натавонистам. Ду сарбози шумо тасодуфан пайдо шуданд; дарро кушоданд. Маро мурда дида эътибор надоданд. Бадраи заро, ки барои шумо ҳадя карданӣ будам, дида, ба он дарафтоданд ва чунон афту дарафт ва кашу пархош карданд, ки ҳамдигарро куштанд; шояд мурдаашон он ҷо бошад… Инак сари ману шамшери шумо!
— Ҳммм… Ҷосусие беш нест… – чашм танг кард Искандар, ки аломати ғазаб буд.
Азимулмулк ўро кўдак дарёфт; кўдаки якрав, ки ҷуз ҳарфи худ сухани касеро писанд надошта бошад; гуфтааш ва хостаашро бояд бикунад. Ба кўдаке монад, ки шоҳро аз тахт бифурорад.
— Ҷосусӣ набувад, шоҳи ҷаҳон; аз рўйи меҳру вафо гўям…
Агар бовар надоред, намоянда фиристед, рафта бубинад; шуморо арза дорад, пасон сухан бо ман кунед.
Искандар ба чашми ў на шоҳ, балки чун лашкаркаш тофт ва абрў чин кард. Азимулмулк дарёфт маънии гиреҳи миёни абрўи ўро ва паст гуфт: «Пўзиш мехоҳам.»
Шоҳ Искандар, ки аслан ҳарфи зиёдро хуш надошт, ишора ба Биталомус кард, то машғул шавад бо шоҳи Тир. Биталомус чанд тан сарбози мусаллаҳ гирифт ҳамроҳ ва рафтагор шуданд сўйи ҳарами «Геракл».
Чун Азимулмулк ба пойи онҳо гашта наметавонист, бозистод, то нафас рост кунад. Найранг пиндоштанд. Сарбозе бо нўки найза халааш кард: «Пушаймонӣ суд надорад.»

пешина
аз 391
навбатӣ