Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Пушаймон наям, дўстам. Тавони рафтан надорам. – аз забон дида бештар бо имову ишора фаҳмониданӣ шуд.
Сарбоз, ки аз ишораҳо ҳарфи ўро базўр сарфаҳм рафт, ҳайрон монд, ки чаро душман ўро «дўст» гўяд: «Магар маккортар аз шоҳи мо бошад?» Аммо гуфта натавонист ва андешааш пинҳон монд Азимулмулкро.
— Бигард! – телааш дод.
Шоҳи нотавон розӣ ба мурдан буд, ки аз як сарбози кирояи бепадар чунин таҳқир бинад. Фурў бурд чунин хориро ва фармуд:
— Ба пойи ман нигоҳ накунед. Пештар биравед. Аз пайи шумо хоҳам рафт.
— Ҳа-а-а рўбоҳ! Пойи гурез кунӣ?
— На, дўстам… Бояд ман дари сангиро ба шумо намоям.
— Кадом душман дўст шуда ва шикамба гўшт, ки ту маро «дўст» хонӣ?
— Агар дўстӣ набуд, аз ҳоле, ки ман дорам, мурдан авлотар буд; ва ба ҳеҷ тақдир назди шумо нарафта будам.
— Агар рост гўйӣ ва аз дили соф, тезтар бигард!
Ва Азимулмулк донист, ки баҳс суде надорад, гом бардошт.
Аммо медонист, ки бо чунин мадори чун аз маризи домана хеста сахт ва зуд пой бардошта натавонад, сўйи ў сар афшонд:
— Хоҳиш дорам; ба пойи ман нигоҳ накунед…
Расиданд то дари сангӣ. Вале ҷуз Азимулмулк касе намедонист, ки дар куҷои ин девор дар ҳаст ва чун кушоянд онро. Азимулмулк, ки то омаданаш онҳоро ба танг оварда буд ва Биталомусу ҳамроҳонаш сусту бемадор омадани ўро баҳона медонистанд, баробари даррасидани ў арбада карданд: «Зуд бош!» Шоҳи Тир фаҳмид маънии сиёсати эшонро ва ангушт ба дастандози ноаёни зери дар бурд ва намуд, то даст андохта бикашанд. Онҳо пиндоштанд, ки масхараашон мекунад, зеро на дар тобаду на даста:
«Даст андозед, бикашед. Ман зўре надорам.»
Сарбозе бо ишораи Биталомус чаҳор ангушт ба хаволии зери дар андохт ва кашид. Дари сангӣ наҷунбид. Биталомус шайтонӣ пиндошт роҳнамоии Азимулмулкро ва ба ситеза наъра зад сарбозро:
— Сахттар бикаш!
Сарбоз пуршаст кашид. Пўсти ангушташро санг харошид, вале кушода нашуд дар. Азимулмулкро воҳима ба дил афтод, ки чӣ муаммоест. Он ду тан ё аз дарун сахт медоранд ва ё баромада пуршаст маҳкам кардаанд, ки гирифт карда, зўри сарбоз нарасад ва ё ин сарбози бесар ҳавои корро надонад.
Биталомуси тануманд ғазаб кард ва сарбози нотавонро якбара тела дода, ангуштони бузурги хешро базўр ҷой ба кома кард ва сахт кашид.

пешина
аз 391
навбатӣ