Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Дари гаронвазн ҷунбид; ба кашидани дуввум роғ пайдо кард; нимбоз гашт. Ва чун зўр зада кушоданд садои соиш баровард. Диданд, ки аз зеру забар тунука васл карда то ба давродавр. Чун торик буд дарун ва чизеро дидаву фарқ карда намешуд, машъала афрўхтанд. Даромаданд. Андар зиндони бадбў ду сарбоз хуфта буданд рў ба рў. Сарнайзаҳо халида буданд ба синаҳои якдигар. Андар муштҳо зар. Чашмҳои гурусна боз.
Биталомус чун ҳол дид, ҳайрон бишуд, ки чӣ гуна тавонистаанд ба синаи ҳамдигар синон халанд баробар. Вале зари андар мушт сахт доштаашон нафрати шоҳзодаи мисриро овард. Туф кард ба онҳо. Дерёз ба чеҳраҳои ҳарис ва гуруснаи онон зеҳн монданро раво надониста бурун рафт зуд ва чанд бори дигар туф-туф кард.
Азимулмулк пиндошт, ки аз бўйу тафи зиндон дилаш беҷо гашта чунин рафтор мекунад. «Тангаҳоро бичинед!» Тангаҳои пошхўрда ва андар кафи дасти майитҳои ҳароммурдаро дар назар дошта рў ба рўшнойӣ фармуд ў.
Чиданд тангаҳоро. Мушти ҳанўз сарду сахт нагаштаи эшонро кушода низ тангаҳоро гирифтанд. Азимулмулк ҳарисии сарбозони мақдуниро дида бадра аз бағал баровард, сўйи шоҳзодаи мисрӣ дароз кард ва фармуд:
— Тангаҳо андар ин халта буданд.
— Пас ту бикуштӣ онҳоро? – гўё қотилро дарёфта гуфт Биталомус.
— На! – посух дод шоҳи Тир ва сар андохт, ки онҳо сахт гиранд, аз сад ҷон як ҷонаш халос нахоҳад шуд. – Бубинед, онҳо якдигарро куштаанд… – ва диққат дод, ки чӣ фармояд сарфавҷ.
Ў андеша дошт, то чӣ илоҷе кунад. Вале Азимулмулк барои раҳоии хеш фармуд: – Пайдост, ки барои тилло.
— Ту ба ин сагҳо устухон андохтӣ; ва албатта ҷангашонро низ тамошо кардӣ? Дидӣ, ки чӣ гуна куштанд якдигарро?
— На… Ман дами дар хуфта будам; беёд… мурда барин. Онҳо маро аз дами дар бурун кашида ва тиллоҳои аз бағалам рехтаро ҳарисона чида, бо ситеза ба хилваткада даромаданд. Аммо надидам набард карданашонро…
— Ҳммм… Куштӣ, аммо надидӣ. Ана ҳамин саҳнаро сохтӣ, баромада рафтӣ, лекин надонӣ… Чӣ гуна надидӣ?
— Савганд Худойро, на куштаам ва на куштану мурдани онҳоро дидаам!
Биталомус ҳайратзада бимонд ва надонист чӣ бикунад. Ҳатто бо мурдаҳо чӣ кор карданро намедонист. Гўронидан ё сўхтанаш ҳам аниқ набуд; набаровард. Балки дари сангиро сахт баст. Халтаи зар дар каф, шоҳи Тир Азимулмулкро пеш андохта бурд назди пардасаройи Маликуррум. Бадра бар каф, сар ба шодурвони шоҳӣ халонд ва гузорид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё