Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шоҳи ҷаҳон, Азимулмулк дуруст фармуда: мурдаҳоро пайдо кардем дар зиндон, ки барои зар ҳамдигарро куштаанд. Ин тиллоҳоро аз мушти гиреҳзадаи онҳо рабудем.
Халта назди шоҳ Искандар гузошт. Шоҳ бадраи хурдро аз назар гузаронд бо теғи нигоҳ ва сўйи Биталомус таънаомез гуфт:
— Ҳиммати шоҳи гарданшаху қайсари Тир ин аст?
Биталомус китфон дарҳам кашид. Ва аз саропарда сар бурун оварда Азимулмулкро бихонд ба дарун. Ў ворид гашт бо изтироб ва рў ба рўйи шоҳ Искандар ба по истод. Онҳо хомўш буданд; на Искандар аз зару хоста сухан гуфт ва на Биталомус. Вале Биталомус чун дид, ки шоҳ Искандар андар авранги сафарӣ нишаста аз хеш ҳайату шукўҳ нишон доданист ва аз боби тиллову куштор лаб фурў баста, раво донист, ки сари калоба боз кунад; рў ба шоҳи Тир овард:
— Ин аст дороии мулк?
— На! Ин гарде аз хазина бувад, ки шоҳон бо худ ба гўр баранд.
Ин ҳарф шоҳ Искандарро хуш наомад. Зеро сухани ўро таҳқири маҳз пиндошт; ишорааш чунин расид, ки Искандар аз он мулки дур зарҷўйӣ омада бошад. Ношунида ангошт, то худро парешон насозад. Балки Азимулмулкро фармуд, бинишинад бар курсии рў ба рў…

БАНДИ САВВУМ

Ба назари Искандари Мақдунӣ дарвозаи шаҳри Тир на бандари Мисру Судон, балки роҳи сохтаи ў – даммаи таргил бояд бошад. Аз ин рў тамошо ва чашмчаронӣ ба маслубонро аз ду канори дарвозаи хаёлиаш – роҳи дамма сар кард. Диду тамошои ў оддӣ на, лобал ифтихормандона бувад: ҳанўз либоси низомӣ аз тан наканда, хўд аз сар нафиканда, шамшеру наём наафканда, ханҷар дар камар пирўзу сарбаланд; нўки пой дар рикоб, қомат бар зин барафрошта, чашм чаронад сўйи суратҳои андар салиб бо чаҳор мех қолаб гирифта ва биболад аз кардаи хеш, ки таърих ёд надорад чунинашро: «Зўрро завол набувад.» Барқосо аз сараш гузашт, ки худояш Зевси барроқ ҳадя карда бошад чунин андешаро. Бо кибру ғурур нигарад сўйи сарбозон ба д-он хотир, ки дигаре натавонад чунин – аз мурда ё зиндамурда ҳошиябандӣ кардани каронаҳои дарёро.
Бусефали рамузфаҳми ў, гарчӣ ба Фоҷиаи Бузург сарфаҳм намеравад, аз рўйи одат дастҳо баланд бардоштаву шикаста гом занад ва пойҳо нимдоира гардонда бар нақши дастҳо гузорад; чунон ки они саф кашидани сипоҳ, рўзи идҳо, гоҳи тантанаҳо, лаҳзаи ҳарбак ва дигар маросимҳо, ки бинӣ афшонад, сайҳа кашад, уштурона лаб кашол карда нағмаву усул намоиш диҳад.

пешина
аз 391
навбатӣ