Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Вале ҳолиё Искандар ба ин чиз эътибор надиҳад; хаёлаш ба дигар тангкўчаҳо равад: «Мебинед оқибати саркашиву ватанхоҳиро?
Ватанпарасти беҳунар ва ноўҳдабаро хонахароб гардад! Кулбааш барои ў гўр шавад!» Гўйӣ сарбозони раддаву сафороста андешаҳои ботинии ўро аз хатти ҷабин, нигоҳ, рафтори ў; аз гашту нағмаи асбаш хондаву пай бурда бошанд, бесадо мушт сўйи само баранду фароранд ва хомўш бимонад: «Ватанро бо зўри бозу ҳимоят бояд кард, на бо хаёл!»
То рў ба рўйи ду ҳазор маслубони чаҳормехро гузашта ва бозпас омадан як рўзи дароз тай хоҳад шуд. Ва мурдагонро дар ин муддат аз мехҳо ва салибҳо ҷудо нахоҳанд кард, то чу Исои Масеҳ эҳё нагарданд. Балки дар офтоби тамуз хушк шаванд, то воқеанигорон хуб нависанд ва мусаввирон бо тааннӣ нигоранд андому чеҳраи ҳар мурдаро, ки баъзе бо чӣ бурдбориву таҳаммули тандода ба ҷонофарин; бархе бо чӣ нафрину ситез, қисме бо чӣ ноумедиҳо ва армонҳои норасида, дигаре бо чӣ ҳаяҷони ҷонгир ва бо ҳазору ду ҳазор ранг бимиранд; чашмҳо ҷаста, чашмҳо пўшида ва аз ҷафову зўрии дард сахт фишурда бо ҳам; лаб газида, дандон намуда, забон бурун оварда ва кашолу яктарафа ба майли сарҳои ҳар сў андохта; ваҳмангез, даҳшатовар, хориовар, нафратовар ба золим ва раҳмовар… Ончунон ки мислашро касе надида ва нашунида; ҳатто худи Искандар ҳам ин тавр шуданашро тасаввур накарда буд, ки баъди чунин намоиш бисёр сарбозони ў ба дардҳо мубтало мегарданд ва худи шоҳ низ; гумон накарда буд, ки чун гурги баччахори даҳанолуда ба навъҳои куштори тоза камар мебандад; аз хаёлаш нагузашта буд, ки минбаъд чашмашро хун мегирад, ҳар гоҳ сурх мешавад; худ аз худ мепарад чун лабаш ва тори асабаш мекашад лабро ва ба сараш дард медарояд; дар хоби шабаш мебинад дорҳо ва салибҳои баландро, ки мехи дастҳоро канда, чангол ба сўйи Зевс дароз мекунанд. Ва аммо ҳамаи инҳо ва зиёдтар аз инҳо Искандарро аҳамияте надошт.
«Воқеанигорон ёддошт накунанд чунин ҳолатҳоро!»
Дигарон нафаҳмиданд асбоби ташвиш ва таъкиди шоҳ Искандарро. Тахмин ў яқин кард ва дарёфт, ки таърих надида чунин намоиши нангинро. Шояд нахоҳад, ки пасовандон донанд, ки рўзе дар ҷазираи Тир намоише шуда буд бо амру фармони шоҳи мақдунӣ, ки бо хун андуд замини ҷазираро, шишаи баҳрро ва мурдаҳоро чун моҳиёни аз об буруноварда дар нўки ходаҳо хушк кард, ки рўзе дар хушксолӣ ё қаҳтӣ ба кор ояд ва ё фардо баъди пирўзиҳо ба Мақдуниё баргашта дар аҷоибхонаҳо гузорад шаклу симоҳои саркаши таърихиро… ва сахт шарм кард ў, ки фардо дар радифи номи Суқроту Афлотуну Арасту номи ўро ба забон гиранд ё на? Искандар шарм кард, ки дида ба замин дўхт:
«Нанависед! Ин дарси ибрат барои дидан бувад! На барои навиштан!!!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё