Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман дилу нияти ҳар кадоми шумо нигорандагонро аз ҳарфу хомарониатон донам, вале шумо надонед, ки Искандар чӣ гуна инсон аст, ҳатто аз шамшерзаниаш, аз камонвариаш, аз оварду пархошаш надонед, ки ў кист?
— Донем, хуб донем, ки Искандар аст: равонбахши мақдуниёну юнониён… ва бемаргу анўша…
— Ҳаҳ-ҳа! Зиҳӣ Коллисфени таърихнигорро! Ва донӣ, ки Пармониён чӣ кас аст?
— Сипаҳсолор… сипаҳсолори пурдида…
— Ва даруни дилашро донӣ?
— На. Аз чеҳрааш пайдост, ки одами хуб аст.
— На! Хуб набувад! Одамшинос найӣ!
— Шояд…
— Чӣ шояд? Яқин!
— Ростӣ, ҳеҷ гоҳ дар бораи ў ҷиддан фикр накардаам. Зеро ҳадафи ман нигоштани корномаҳои ў нест. Агар дар ҷое ном бурда бошам, дар паҳлўи сарлашкар шоҳ Искандар ном бурдаам, чун сипаҳсолор.
— Чаро ном барӣ?
— Гуфтам; агар ном бурда бошам…
— Ҳатто надонӣ, ки ном бурдайӣ ё на!
— Вазифаи ман нигоштани ҷангҳо, сафарҳо, пирўзиҳои шоҳ; хоса қадам ба қадам омўхтану нигоридани ҳаёти Искандари Мақдунӣ бувад.
Искандар тааҷҷуб кард аз чунин пеш овардани Коллисфен.
Хомўш монд ва надонист чӣ гўяд. Зеро хуш омада буд ҳарфаш.
Аммо чун таърихнигорро низ дандон дошт ва ҳанўз алам наситонида буд, инони сухан дигар сў тофт:
— Арастуи бузург туро чун таърихнигор тавсия кард… Вале бар омад, ки бештар ба афсонаву достонҳо ва ҳамосаҳои мардумӣ ва гўйишҳои халқӣ майл дорӣ; онҳоро хуб гирд оварӣ ва ба ватан фиристӣ… Искандарро аз ёд барорӣ!
— На, шоҳ! Нодуруст овардаанд. Шоҳ ба ҳарфи ғаммозон ва дасисабозону харобкорон гўш надиҳанд, хубтар аст. Ҳоло ки вақти хондан доред, хуб аст, агар пеш аз ба Мақдуниё фиристодан саҳифаҳоро аз назар гузаронед …
— Чунин бодо!
Фикр накарда посух дод Искандар ва майли бурун омадан кард ва сўҳбатро хотима бахшид.
Вале шоҳ Искандар боре ҳам ба хондани набиштаҳои Коллисфен рағбат зоҳир накард, балки айшу нўшро авлотар аз ҳама чиз донист.

пешина
аз 391
навбатӣ