Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БАНДИ ШАШУМ

Шоҳи мақдунӣ дуру дароз мағз об кард, то чӣ кунад бо сипаҳсолори пир. Зеро ў сирру савдои хонадони шоҳони мақдунӣ, хоса асрори ҷанги Искандар ва дилу нияти ўро хубтар медонист аз дигарон. Искандар хавф дошт, ки чунин сирдониву роздорӣ рўзе ба сари шоҳ чун вабо ё борони бало резад… Ва аммо рози навбатиро набояд касе донад. Ҳайфову дареғо, ки надонистани чунин роз лоимкон бувад. Зеро худи Искандар сипаҳсолорро аз миён бардошта натавонад. Чун каси дигар ба ин кор ё сўиқасд шарик шавад, роз пинҳон намонад; дуздиву ғарриву қотилӣ зери саргини хар. Чун саргин аз миён равад, роз аён гардад.
Ва он рўз шоҳ Искандар Гарпали хазинадорро низ ба ҳузур пазируфта, ҳарфи зиёд нагуфта, фармуд: зархариде пайдо кунад ва чун ҷосуси қотил бифиристад бар асари Пармониён. Гарпал, ки яке аз ранҷидагони нахустин буд аз Искандар, чун ёрони даврони кўдакӣ ҳайрон монд аз кирдору рафтори шоҳ, ки магар ўро барои чунин кор баргардонида аз роҳи Мақдуниё? Гарпал илоҷи огоҳ кардани сипаҳсолорро наёфт ва тарсид. Зеро Искандар хислате дошт: аз паси ҷосус ҷосусе мемонд. Тафтиш низ мекард. Аз ин рў Гарпал нафареро пайдо кард бо номи Сопол ва ўро Клити Зард лақаб ниҳод ва зару хостаи зиёд дода, фиристод бар асари Пармониёни сипаҳсолор…
Писари Пармониён Файлотус бехабар аз кирдори Гарпали хазинадор яке аз наздикони Искандар, бародари Ланикаи доя
– Клитро аз хавфу хатар огоҳонид. Онҳо ҳамрозу ҳамрой гашта, нахуст назди Коллисфени таърихнигор омаданд, баъд дўсти кўдакии Искандар Гарпалро хабар гирифтанд. Гарпал чун Клити Зардро аз пайи кушти сипаҳсолор фиристода буд, аз чунин рух додани воқеаи ғайричашмдошт ҳайрон монд, ки «бузро ғами ҷону қассобро ғами чарбу»; Файлотус бехабар аз рўзи падар ғами ҷони шоҳ Искандарро хўрданист. Барои он ки асрор ҳувайдо нагардад, сипоҳигарӣ кард Гарпал. Ҳамҷоя рў ба боргоҳ оварданд, то Искандаршоҳ Пармониёнро бозгардонад аз ин роҳ. Искандар аввал хавф бурд, ки фош гашта кирдор. Теғи нигоҳ кашид сўйи Гарпал. Гарпал бо ишораи сар ва нигоҳи чашм ва ғамза савганд ёд кард, ки касе огоҳ нагашта аз кирдор. Чун огоҳ гашту хотирҷамъ шуд, бонг зад шоҳ:
— Туро чӣ алам расида, ки саркаш шуда омадӣ?
Гарпал, ки аз теғи нигоҳи шоҳ маънӣ кашида буд, осуда посух дод:
— Тарсидам…
— Тарсидӣ? Аз кӣ? Аз чӣ?!
Гарпал шоҳро канортар кашид:

пешина
аз 391
навбатӣ