Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Аз он, ки асрор ҳувайдо гашта… Вале чун донистам, ки эшон аз кору кирдори мо дарак надоранд, сар кафад, зери кулоҳ, эшонро назди шоҳ овардам…
— Ту чӣ дард дорӣ, Клит? – гўё сўҳбати канориаш бо Гарпал ба ҳама дахл дошта бошад, рў овард ба Клит.
— Дардам ин аст, ки хубтар аз солори сипоҳ Пармониён размдоне, размоваре набошад андар сипоҳи шоҳ… Чун ў ба чунин рўз расида, фардо ҳоли мо чӣ шавад?
— Ба чӣ рўз расида?! – хурўшид Искандар ва онҳо ларзиданд.
— Магар шоҳ хабар надоранд?
— Ўро сабукдўш кардам, ки пир шуда ва чун талоя ба Гиркания фиристодам… Боз чӣ?
— Хуб буд, агар ба Мақдуниё фиристодӣ!
— Ту агар ба ҷойи ман будӣ, шояд бифиристодӣ!
— Яқин чунин кардаме… Ва шоҳ Искандар набояд бо ман чунин сухан кунад… Ман ўро наҷот додаам аз марг! – андар ҷанги Йусус ҷони шоҳро хариданашро дар назар дошта гуфт Клит ва шоҳро сахт расид:
— Ҳоло дарунтар ба Машриқ оем, маро хоҳӣ зоид! – киноя зад Искандар ва бо ҳамин сўҳбатро хотима гузошт. Кинаи сахт гирифт. Вале Клитро ибрат нашуд. Ў Искандарро носипос донист, ки равонбахшиву наҷот додани ўро ба инобат нагирифт.
— Пўзиш аз Клит, – дар роҳ узрхоҳӣ кард Файлотус аз гуфтору кирдори шоҳ сабақ гирифта ва донист, ки фарҷоми нек надорад ин кор.
Коллисфени таърихнигор, ки ҳамаро дар сар гирифта буд, сар афшонд:
— Фардо донем, ки Искандар кист…
Ва Искандар саворони фессалии шимоли Юнонро раҳо кард ба бозгашт. Ононро хидматона доду хоста. Ва гуфт: «Касе хоҳиши хидматгузорӣ дошта бошад, бозистад! Ду толонӣ хоҳад гирифт»
Чун ҷангзада шуда буданд сарбозон ва табори хешро сахт пазмон гашта, озими роҳ шуданд. Искандари доно гарчӣ эҳтиёҷ ба сарбоз дошт, натавонист қарордоди Иттифоқи Коринфро вайрон кардан. Пеши роҳи сипоҳиёни озодро гирифта натавонист.
Зеро ононро ба ҳеҷ ваҷҳ боздоштан имкон надошт. Чунки онон огоҳ гашта буданд аз сирру савдои лашкаркашиҳои Искандар; нақшаҳои ў ва носозиҳои миёни шоҳу сарони лашкар… Ў ҳама чизро ба инобат гирифт, ҳама гуна чора андешид, то иттифоқчиёни болидарўҳ баргарданд ва дар ситоиши сипосдориҳои Искандар камар банданд. Барои он ки озодагон хотираи нек баранд, шоҳ ҳама гуна шароит муҳайё сохт: сарпоси саворонро фармуд то баҳр раҳнамову роҳбалад бошад; зоти сафар ва тўшаи роҳ омода кунанд.

пешина
аз 391
навбатӣ