Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳ Искандар бо чунин корҳо қаноат накарда, ба номи ҷондори собиқи хеш Менет нома набишт:
«Менет! Менети вафодор! Ман ҳама хидматҳои туро дар ёд дорам ва садоқати туро донам. Ҷондор будӣ, гиппарх шудӣ
– ҳокими Суриёву Финиқияву Киликия… Чун имрўз қарордоди Иттифоқи Коринф поён пазируфт, сарбозҳоро рухсати бозгашт додам. Талояи савора ононро то дарёи Эгей роҳбалад хоҳад буд. Аз дарё гузаронидани онҳо ба ихтиёри туст… Аз иҷрои супориш пайғом хоҳӣ дод…»
Он чӣ мақдуниён хоста буданд, пеш омад: Искандар бимонд бо мақдуниён, то онҳо шодон бошанд ва донанд, ки шоҳи Мақдуниё онҳоро фаромўш накарда, балки умед эшонро дорад. Бо онҳо соз гираду пайвандад, ки нохунро натавон ҷудо кардан аз гўшт. Искандар вафодории сарбозони кирояи юнониву порсиро донад, аммо аз ин боб сухане нагўяд, то ҳамдиёронаш наранҷанд.
Оне ки Гарпал ба Искандар овард, ки Клитро аз пайи Пармониён фиристода, шоҳ як қад парид: «Чун? Ў, ки аз ҳама сирру савдо бохабар аст!»
— На, шоҳ! Ин Клит на он Клит! Ин Клитест Зард, ки худам ном ниҳодаам ва номи хоназодиаш Сопол бувад. Ман донаму шоҳ… Шоҳо! Фикре ба сарам омада. Агар шоҳ аз гуноҳам гузаранд, гўям.
— Бифармо!
— Аз диди ман, аз нобуд сохтани сипаҳсолори пир суде набувад. Сарбозон ғирев кунанд; ҳамагон ба шўр оянд. Хуб нест, ки ўро ба Мақдуниё фиристем?
Искандар сахт нигарист сўйи Гарпал ва таънаомез фармуд:
— Гумон надоштам, ки то ин дараҷа сода бошӣ. Магар надонӣ, ки мор дар остин парварем? Надонӣ, ки Пармониён дандон дорад ба шоҳонӣ мақдунӣ? Чун хостааш ба каф наомад, китоб хоҳад набишт, китоби хотирот… Магар надонӣ ё сарфаҳм наравӣ, ки каси боғараз шоҳони мақдуниро чӣ гуна тасвир кунад?
— Дар ин боб фикре надоштам, пўзиш аз шоҳ… Ва кӣ гуфт, ки ў китоб нависад
— Худи ў…
— Ва шояд хуб нависад. Зеро ҷангҳои Искандарро дида…
— Ростӣ, сода будайӣ. Агар душман айбе наёбад, «думи сагат каҷ» гўяд. Пармониён, ки аз ҳама сирру савдои боргоҳу шоҳ ва сипоҳу сипоҳиён ва сипаҳбадон огоҳ аст, магар сухани «нек» гўяд?
Пиндорам, ки аз кўдакиҳои ману ту сар кунад… Воқеан Клитро бояд ба ин кор ҷалб бикунӣ. Клити бародари доя Ланикаро.
— На. Чунон ки равшан шуд, ў низ ҷонибдори сипаҳсолор Пармониён аст.
— Рост гўйӣ… Ў ҳамроҳи писари сипаҳсолор Филота ва Коллисфен омада буд. Балки ҳамроҳи худат…

пешина
аз 391
навбатӣ