Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Бале…
— … Онҳо ҷонибдори сипаҳсолор буданд… Ҳммм… Яъне Клити кўрнамак дар зарурат маро ва нону намаки даргоҳи шоҳиро фаромўш хоҳад кард… Аллакай фаромўш карда… Оне, ки ҳамроҳи хоҳари дарбадараш Ланика хонадони Файлақусро нозгунҷ буд.
— Шояд фаромўш накарда бошад; хидматҳои сипаҳсолори пирро дар назар дошта чунин рафтор кунад ва биандешад, ки марги ў бадномӣ наорад?
— Донистам, ки ту низ ҷонибдори онҳо ҳастӣ! Ва бо чунин касон давлатдорӣ кардан натавон! Ҳама кўрнамак! Магар наяндешанд, ки агар Искандар набуд, Клит низ набуд, дигарон низ ин ҷо набуданд ва Порсу Машриқро надида буданд!
— Ҳамин тавр, шоҳ…
— Пас чаро ҳама ҷонибдори сипаҳсолори пиранд ва мартабаи ўро аз мартабаи шоҳӣ боло гузоранд?!
— Ҳай-ҳай… Ҳаргиз чунин набувад! Онҳо аз дилсўзӣ гўянд, то ба марги як сипаҳсолор шоҳу боргоҳ бадном нагардад, – такроран гуфт Гарпал.
— Хас каму ҷаҳон пок. Инро ман гўям, Искандар… Искандари Мақдунӣ!
— Оре-оре!
— Ва онро бозхону бигўй, ки Искандар гўяд: «Агар ҷойгири сипаҳсолор шуданист, бар асари ў биравад ва нобудаш созад!»
Гарпал садо бароварда натавонист ба чунин амри шоҳ, бал таъзим кард. Ва чун хидматгузор пас-пас рафта, дами дар «ба чашм!» гўён бадар омад. Ва беруни дар биандешид: «Клити Зард кайҳо бар асари Пармониён рафта, чӣ гуна Клити аслиро бифиристам? Магар, ки Клит ҳардуро нобуд созад: ҳам сипаҳсолорро ва ҳам Клити дурўғинро…» Аз андешаи хеш хулоса кард, ки мушкилоти сахте ба сар омада. Фармудаи Искандарро иҷро накардан баробар бувад бо марг. Найрангҳо сар шуда… вале чаро дар чунин лаҳзаи нозук ва танг? Ҳоло, ки гўри гурезон ба дом наомада, аз баҳри чунин сипаҳсолори собиқадор ва пурдида баромадан чӣ маънӣ дошта бошад? Шояд ҳарфи ногуфтание миёни шоҳу сипаҳсолор гузашта бошаду ман надонам. Вагарна барои навиштани хотирот Искандар чунин рафтор накунад. Ман феъли ўро донам: касеро бад бинад, роҳи раҳоиаш набувад; кореро азм кунад, бояд иҷро шавад… Пармониёнро роҳи бозгашт набояд бошад… Дареғо… Барои фикри дурусту маслиҳати хуб кас тавонад ба бало печидан. Андешаи норавою нозамонавиро дар дил нигаҳ бояд дошт. Забони сурх сари сабзро диҳад барбод…
Ман аз андешаҳои Клит низ тарсам. Ў низ чунон фикр кунад, ки Пармониён. Андешаҳояш сархўранд… Чӣ бояд кард? Чора чист?… Магар Искандар бо ҳамин роҳ аз ҳама роздонҳо халос хўрданист? … Ёд дорам, ки падарам мегуфт: «Шоҳон чун ба сари қудрат оянд, ҳама бегонагонро ронанд, ҳама роздонҳоро нобуд созанд.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор