Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Искандар низ бо баҳонаи Пармониён атрофашро тоза карданист. Нагузорад, ки касе сар боло кунад. Гардани фарозро шамшер зудтар гирад.»
Дар чунин лаҳза Гарпал хешро барда ангошт ва пушаймон шуд аз хазинадорӣ. Зеро амри сахт шуда буд ва агар гуфтаи шоҳ Искандарро иҷро накунад, сараш хоҳад рафт. «Бозхону бигўй!»
фармуд Искандар. «Чӣ гуна гўям? Чаро худи шоҳ нагуфта, маро миёни ин кори ношоиста андозад? Сухани шоҳ вазни дигар дорад… Аммо бо дасти ман нобуд сохтани сипаҳсолор… Намефаҳмам, ақлам намерасад… Ҳеҷ кас Клитро чун Искандар наздик набувад… вале бо дасти ман хун резад… Шоҳон нахоҳанд, ки ба назари мардум бадкор бошанд. Чун ўро гўям, ки… на-на! Ин кори ман нест! Дирўз, ки худи ў ба ҳимояи сипаҳсолор омада буд, чӣ гуна ўро фаҳмонам, ки имрўз бар зидди Пармониён бихез; бикушаш!»
Ва Гарпал андешаҳояш поён напазируфта, рў ба рўяш саворе омад, ки асби шабгунаш маст метофт. Уштулум карда, гардан каҷ, пеши пояшро надида гом мезад. Гарпал саворро шинохта ҳайрон монд, ки дучор омадани онҳо рўйи чунин андешаҳо фоли нек бувад ё бад? Ба ҳар тақдир хушнуд пешвозаш гирифт:
— Клит, туро ёд мекардам, номат сари забонам буд…
— Чӣ хуш! Магар шоҳ пешниҳоди маро пазируфта?
— Ба хазина биё, гўям!
— Ҳатто ба хазина?! Подоше хоҳам гирифт ё хоста?
— Ҳам ину ҳам он!
Ва Клит дер омад. Тамрини фавҷро хотима бахшида омад ва бехабар аз гиру дори ҷаҳон ҳазл кард:
— Танҳо зари сурх хоҳам, Бинӣ.
— Ҳар чӣ хоҳӣ, Таҳамтан! – ишора ба бинии бузурги ў кардани Клити тавоно хуш омад Гарпалро ва матлабро рйирост гуфтанӣ шуд: — Лекин шоҳ дигар чиз хоҳад аз ту…
— Шоҳ?
— Оре, шоҳ…
— Ман гумон кардам, худат коре дорӣ ё масъалаи бозгардонидани сипаҳсолор ҳаллу фасл шуда.
— Оре, масъалаи сипаҳсолор ҳаллу фасл шуда ва шоҳ хоҳад, ки ту сипаҳсолор бошӣ…
Клити тануманд ба андеша рафт. Андар дари хазина бозистод ва пой даруни остона наниҳод.
— Аҷиб… хеле аҷиб…
— Чӣ ҷойи аҷобат? Шоҳ хоста.
— Шоҳ беҳуда чунин нахоҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор