Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гарпал дар ҳолати нобоб бимонд музтарибҳол ва суханашро гуфта натавонист. Ангушт ба дандон гирифтани Клитро дида, фармуд:
— Шоҳ хоҳише дорад.
— Чӣ хоҳише?
— Бояд бар асари сипаҳсолор биравӣ, нобудаш созӣ…
Клит гўё дашна ба тахтапушташ зада бошанд, як қад парид ва ҳамон лаҳза ба назар хурд шуд; ҷуссаи баландаш фурў рафт.
Дар дил пурсид: «Ва баъд? Пасон чӣ шавад?» Вале ин чизро ба Гарпал баланд гуфта натавонист; тааҷҷуб кард:
— Ҳатто чунин?
— Оре…
— Ва қимати сари сипаҳсолор чанд бувад?
— Ҳар қадар Клит хоҳад.
— Ва ҳар қадар Клит зар супорад, Пармониёнро баргардонидан имкон дорад?
— Инро шоҳ донад.
— Оре, шоҳ донад… Ва ту, Бинӣ, беҳуда ба миёна даромадайӣ… Магар Искандар нагуфта, ки чӣ зарурате пеш омада?
— На. Шоҳон асрор нагўянд; фармоянд…
— Агар матлабу мурод ва асбоб туро нагуфта, худам бо Искандар гуфтугўй хоҳам кард.
— На. Зарурате набувад! Шоҳ хашм дорад чун шери жаён.
Клит нафаҳмид рафтори Гарпалро. Аз ин рў тунд шуду тез, худро миёни обу оташмонда тасаввур мекард ба ҷойи солори сипоҳ Пармониён ва шоҳи хашмгирифта Искандарро низ пеши назар овард, ки бар вазни сари ў зари сурх гузошта; ҳар кӣ сар орад, зар гирад. Ба худ омад ва худ ба худ сар афшонд:
— На-а-а!!! Ман чунин пастӣ накунам!
— Чӣ гуна пастӣ?
— … ки ман сипаҳсолорро бикушам ва рўзе маро низ бо чунин усулу пастӣ бикушанд.
— Кӣ кушад?
— Оне, ки варо кушт ё фармуд! Оини ҷангу давлатдорӣ чунин тақозо кунад. Шоҳид, роздон ва сирдони давлатӣ рўзи зиёд набинад. Хоҳарам Ланикаи дояи Искандар аз рўйи китобҳои хондааш ва ҷангномаҳо мегуфт: «Накуш, ки кушанд!» Акнун сарфаҳм рафтам ин маъниро.
— «Накушӣ, кушанд» низ ҳаст.
— Оре! «Куш, то накушанд» ҳам ҳаст, Гарпал! Вале мо чӣ бояд бикунем?
— Фармуди шоҳро иҷро бояд бикунем…
— Бибояд кард… вале на ман.
— Чаро на ту? Мо ҳама барда ҳастем; фармонбарем!

пешина
аз 391
навбатӣ