Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— На! Ман барда наям! Размгарам; бо душман разм кунам!
На бо дўст!
— Шитоб макун, Клит! Шитоб кори шайтон аст! Агар барда набудем, то ба д-ин каронаи дунё дунболи Искандар наомада будем… Мову ту ҳақ надорем ба саркашӣ кардан.
— Чаро?
— Зеро агар дигарон Искандарро яку ду дида бошанд, мо бо ҳам бузург шудаем; Искандар аз барои мо аз падар суханҳои сахт шунида: «Ин бепадаронро ба боргоҳ маёр!»
— Оре, чунин буд. Аммо ман бо Искандар одамкушӣ наомадаам… Хоса сипаҳсолорро, ки барои Мақдуниё, барои шоҳ Филипп ва Искандар ҷонбозиҳо кардааст.
Ҳарду муддатҳо хомўш монданд ва Клит дониста ва надониста фармуд:
— Дар дунё Клитҳо зиёданд: Клити Сапед, Клити Зард…
— Клит то Клит фарқ дорад, Клит.
— Оре, Гарпал! Ман низ чунин гуфтанӣ будам: агар Клит наравад, Клити Зард хоҳад рафт.
Гарпал ҳайрон шуд аз чунин ҳарфи Клит ва барои равшан шудани мурод пурсид:
— Яъне, чӣ?
— Яъне: Клити Зардро фиристодӣ, ҳоҷат ба фиристодани Клити дигар набувад.
— Кӣ гуфт? Дурўғ!
— Рост! Ё бозиат аз ин рўст, ки Клити Зард сипаҳсолорро бикушад ва ту ба номи Клити дигар бандӣ?!
— Ҳаргиз чунин набувад!
— Чунин бувад! Инро ҳама донанд, ҳатто сипаҳсолор!
— Дурўғ нагўй, Клит! Пешравӣ назан! Чунин набуд ва нахоҳад шуд!
— Ҳайфо, ки шуда! Ту на танҳо барои сари Пармониён, барои сари Клит низ зар ҷудо кардайӣ!… Бидон, Гарпал, ки асрор пинҳон намонад… аммо… аммо хазина аз сари ҳама монад!
— Ту чаро таъна бар ман занӣ?
— Зеро донам, ки ҳама гуфтаҳо Искандарро барӣ; аз худ афзойӣ; шоҳро шўрониву тезонӣ ва баҳои сари мо монӣ… Чанд?
А! Чанд толон баҳои сари Клит?
— Тут… ту чиҳо гўйӣ?
— Ва фаромўш накун, ки Пармониён писарҳо дорад… Ҳар кадоме камтар аз сипаҳсолор набувад… Дасти онон то ту… то ман… то шоҳ бирасад!
— Баланд рафтӣ, Клит! Ман барои чунин суханҳоро шунидан туро нахонда будам.
— Рост гўйӣ. Ман низ барои чунин суханҳоро шунидану гуфтан наомада будам. Гумон кардам, барои шоҳро аз рой гардондан ва сипаҳсолорро боз овардан рой занӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор