Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ту дарди хешро пеш овардӣ ва роҳи нобуд сохтани солори сипоҳро ҷустӣ… Ту бояд хазинадори бебадал бошӣ… Лекин… лекин гумон надорам. Рўзе, ки ба сари Пармониён омада, ба сари мо низ хоҳад омад…
— Ту маро то ҳадде ангехтӣ бо тундгўйиат, то шоҳро як ба як гўям.
— Ва агар наангехта будам низ, бояд бигўйӣ, зеро вазифадор ҳастӣ.
— Маро ранҷондӣ, Клит. Пасттарин инсон шуморидӣ…
— На. Худат чунин пазируфтӣ ҳарфҳои маро. Вагарна ман бо каси солим ва боҳуш сухан гуфтам, то аз анҷоми воқеаҳои хунин андешад… Туро ҳушдор кардам, то суханони маро ба шоҳ набарӣ; ҳоҷате набувад. Худам ин ҳамаро мў ба мў гўям ба шоҳ.
— На-а-а. Осуда бош, Клит! Чунон ки донӣ, ман аллакай кас фиристодаам ва туро фиристодан маъние надорад. Туро кофтам, то чӣ гўйӣ.
— На. Ман бояд бо Искандар гўйиш кунам; ё сир биравад ё сар. – Якравӣ кард Клит ва фармуд: — Ман ба ҳарфи одамӣ бовар надорам.
— Макун чунин… Набояд Искандар гўйишҳои моро бидонад.
Чун донад, ки мо аз як забон сухан мекунем, хавф аз мо барад, ки рўзе зидди ў низ забон як кунем. – Қасдан гуфт Гарпал, то аз Клит чӣ ояд. Вале Клити боҳуш ғаммозиҳо ва дасисаҳои бешро дида буду шунида, сухани ўро паси гўш кард:
— Сипаҳсолори солхўрдаву пурдидаро эҳтиёт бикун, рўзе ба кор ояд.
— Пазиро бувад ҳарфи ту, Клит. Сипаҳсолор аз Хазар тандуруст хоҳад баргашт…
БАНДИ ҲАФТУМ
Клит, ки хондаву нохонда ба дидори Искандар меомад, имрўз майли дидор накард. Балки нигарон шуд, то чӣ ояд аз боргоҳ.
Рўзи дигар оварданд, ки шоҳ чашмдор аст Клитро. Клит пиндошт Гарпали хазинадор гуфтаҳоро расонда ба шоҳ, аз ин рў Искандар хоста ўро. «Яқин аз сипаҳсолор сухан кунаду бозхост, ки чаро напазируфта хоҳиши шоҳро». Ва ҳазору як андешаи дигар дар сар дошт, ки сипаҳсолори кинавар қасд ситонад аз ў. Зеро медонист, ки ҳар моҳии ба шасти ў омада баргашта ба дарё наравад.
Чунки моҳӣ аз даҳон ба шаст афтад ва шасти ў кашшаки дутарафа дорад, ки на пеш рафтан гузорад, на пас. Вале чун пешниҳоди лашкаркаши бузургро шунид, ҳайрон монд:
— Чун талояи пештоз бояд ба Парфия биравӣ, Клит...
Кўтоҳ буд сухани шоҳ. Клит чӣ гуфтанашро надониста, ноилоҷ пазируфт ин амрро. Андешид: «Рўзи Пармониён омада ба сарам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор