Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз пайи ман низ ҷосусе фиристад» аз дил гузаронд ва андар шигифт буд, ки аз тақдири сипаҳсолор Пармониён чизе нагуфт; танбеҳ накард, ки чаро пешниҳоди хазинадор Гарпалро напазируфтӣ?
Як сару сад хаёл дигарбора назди шоҳ нарафта ва бо Гарпал дучор наомада, талоя биронд сўйи Парфия, то роҳ тоза кунад барои шоҳ. Аммо аён набуд, ки Искандар бо ин роҳ равад ё бо роҳи дигар.
Ва Искандар бимонд бо горди махсуси «Дўстон», сарбозони мақдунӣ ва мамлукҳо. Гўйӣ ба назар озодтар шуд ва хотирҷамъ.
Зеро иттифоқчиён набуданд, Пармониёну Клит низ, то баъзе фикру андешаҳои хоми ўро пухта кунанд. Ҳар чӣ мехост, он мекард.
Пасон лашкаркаши бузург баъди дам рост кардан сипоҳи дилхоҳ сўйи дарвозаи Хазар бурд. Ў чун юзи сайдгир, ки сайдаш аз дом раҳо мешуда бошад ва ё аз даст мерафта бошад, тунду тез аз пайи гўри гурезон афтод. Ончунон Бусефали бодпойро чаҳорнаъл гиронд, ки сутурони лангу лаванд монданд андар биёбон ва гардунаҳои қофила мехазиданд гамбусквор.
Искандар боумед асбро пошна бизад, то Дорои Саввумро дастгир кунад. Вале андар кавир, ки рўзафзун гарму тафсон мешуд, нишоне аз Дорои Кудумон набуд. Ва ҳар гоҳ дар масофаи серўза ё чаҳоррўза роҳ хокистаре нишона буд аз оташафрўзиҳои шоҳи Порс. Искандар он қадар башитоб роҳ сипард, ки рўзи ёздаҳум наздик омад ба Дарвозаи Хазар. Ва сипоҳро дам дод ба панҷ рўз, то нафас рост карда чунон роҳ паймояд, ки сайдро ғофилгир намояд.
Ҳини фароғат Искандарро расониданд, ки сипаҳсолори пир Пармониён аз Хазар (Гиркания) баргашта ба Ҳангаматон... Искандар чун ин хабар шунид, ҳайрон монд, ки чун баргашта сипаҳсолор бе амру рухсати шоҳ. Ва баъди андешаҳои тўлонӣ ба хулосае омад, ки шояд кори Гарпал бошад? Чун ҳама ҷонибдори сипаҳсолори куҳансол буданд, писаронашро огоҳ карданд, то онон наҷоташ диҳанд. Шоҳ Искандар гўшбақимор бувад, то чӣ пайғоме ояд аз Модай.
Сарфавҷи сипоҳи кирояи эллинӣ Патрони фокидӣ аз нияти сатрапҳо воқиф гашта, рўзону шабони зиёд мағз об кард, то бо шоҳ Доро маслиҳат кунад ё на? Зеро дар ду ҳолат ҳам саркашиҳои волиён судманд ин мамлуки фокидиро буд. Рў тофтану аз артиши Эрон рафтани ҳукмрону волиёни саркаш эътибори Патронро меафзуд ва беқуввату бесарбоз мондани сипоҳи Доро шоҳи мақдунӣ Искандарро пирўз мегардонд. Патрон забардаст мешуд. Ў ва ёвараш Главк дар чунин ҳолатҳо чизе бой намедоданд, балки чун пештара тамғаи мамлукӣ дар пешониашон часпонида мешуд. Сарбози зархаридро фарқе набувад, ки аз кадом тараф размад. Дили ў ба марзу бум ва миллати бегона насўзад. Ў ону гоҳ шуморад, ки хуршед кай тулўъ кунад ва кай ғурубад, то мўҳлати қарордод анҷом пазирад.

пешина
аз 391
навбатӣ