Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Страбон, ки кайҳо рақам карда буд маҳшарро, ларзид аз сиёсати ў, ки шоҳ хатояшро баъди вуқўи воқеа пай бурд. Пас хати батлон кашид навиштаҳоро ва пинҳон кард; Биталомус дар хотир сабт кард ҳамаро; Коллисфени таърихнигор, ки хоҳ – нохоҳ навиштаҳояшро шоҳ бохабар мешуд, андеша дошт, ки нигорад ё на?
Малик Искандар то он сари қатлгоҳ нарасида аз роҳаш баргашт ва амр кард: «Пас аз се рўз салибҳоро барканед!» Аммо дар бораи маслубон чизе нагуфт. Яқин андешаҳои мухталиф дошт, ки сарашро гиҷ карда буданд ва ў сари ҷаҳл коре мекарду пасон пушаймон шудагӣ барин барои ба даст овардани дили мардум чораҳои дигар меандешид. Ў дар киштие маъво гирифта, рўйи баҳр рў ба осмон гўё фароғат мекард; дар асл ҳисобот медод пеши худ. Ба коре ҳамроҳ ва касеро кордор нашуд.
Тириён чорае надоштанд, ки мурдаҳоро гўр кунанд андар ҷазира; аз он ки марди корӣ намонда буд, ё аз он ки ҳуқуқи ин чизро надоштанд. Ҳама чиз аз дасти тириён рафта буд чун худи Тир.
Рўзи чаҳорум сарбозҳои мақдуниву бардаҳо чашми рўз накафида салибҳоро барканда бо маслубони мехзада андар соҳили ҷазира ҷо-ҷо ҷамъу ғарам карданд ва нафт рехта оташ заданд, то вабо барнахезад; ҳол он ки ба сари мардуми Тир кайҳо вабо чодари мотам андохта буд.
Кўҳе ба миён омад аз тахтаву мурда. Ҷазираро бўйи майит ва гўшти гандида фаро гирифт. Зеро аллакай магасҳои кирмпош андар даҳону бинӣ ва чашмони бозу гўшҳои ношунав ва сўрохиҳои дигар пошида буданд ва ҷондоракони кўру кару гунг ҷунбуҷўл доштанд ва баробари нафт рехтан безобита гаштанд ва якҷоя бо гўшту пўсти одамӣ месўхтанд. Танҳо каргасҳои хобдида ва чанд рўз боз дар тори Тир гардандаву тананда аз забона задани оташи чашмнадида, ки беша ҳам чунин намесўхт, ҳаросида, болафшон болотар мерафтанд ва аз тоқи баланд ноумедӣ изҳор мекарданд.
Ҳаромхорҳои бадният…
Ва забонаи оташ дар субҳи козиб даруни дарё чун мори оташин метофт ва ба сони моҳии тиллои афсонавӣ чапу рост тоб мехўрд. Моҳ рўй пинҳон кард аз шарм ва ситорагон парда ба рўй кашида буданд аз ҳаё. Ҷазираро бўйи ноошнои ғализ ва нофори гўшти сўхтаи одамӣ фаро гирифт. Ин ҳама моҷарои таърихӣ андар оинаи минўии фалак мунъакис гашт ва рўзи Ҷазо намоиши даҳшатзоро дар Оинаи Ҷаҳоннамои само нишон хоҳад дод…
Боди сабо оташро доман зад; хокистари рўйи оташ парида, ахгар чун даҳони пурханда намуд, ки дандон аз тилло дошт; дар асл он бояд чун чашми гирён менамуд. Як лаҳза атроф аз нав рўшан шуд ва боз ториктар гашт; зеро боди сабо ба тундбоде бадал ёфт ва хокистари сўхта сўйи баҳр ронд; дар ҳар тўда аҳён-аҳён устухонҳои сахту гарон носўхта монданд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё