Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Патрон баъди андешаи зиёд омад назди шоҳ Доро. Шоҳи гумкардатахт ба назари сарфавҷ парешон ва ақлбохта тофт; васвосро мемонд.
— Рафтанд? – ҷудо шуда рафтани сатрапҳоро дар назар дошта пурсид шоҳ Доро.
— Оре, рафтанд... Аммо шоҳ Доро мапиндорад, ки танҳо монда. Патрон бо ўст, Главк бо ўст ва горди махсуси шоҳӣ бо ўст.
— Ҳмм... – норозиёна мадд кашид Доро ва афзуд: — Фоли бад, Патрон... Бори гарон ба дўши ту афтода.
— Агар шоҳ бовар доранд, китфони Патрон бардорад ин борро. – Шерак, дилпур ва бовар кунонданӣ шуд Патрон.
— Ҳммм... Сангин, хеле сангин... – ба сухани ў ҳамфикр набуданашро чунин ифода кард ва идома дод: — Ту саворони чобуки бохтариро надонӣ... Хеле ҷанговаранд онҳо. Аз ман гузашт, ки ихтиёр ба онҳо надодам. Вагарна бо сарварии Бесус метавонистанд гарди лашкари мақдуниро бароранд.
— Ҳанўз дер нашуда шоҳ...
— На, дер шуда.... Онҳо дилмонда ва дигар бовар ба ман надоранд.
— Пўзиш аз шоҳ... Ҳанўз Дорои Саввум шоҳи Порс бувад.
Ҳеҷ як сатрапи вилоятҳои Порс ҳақ надорад саркашӣ кунад.
Шумо як бори дигар ҳокимони вилоятҳоро ба ҳузур бихонед ва бифаҳмонед, ки Порсро бекас гузошта рафтан маънӣ надорад.
Бибояд бо адў ҷангид ва марзу бумро ҳифзу дифоъ бояд кард.
— Ту чаро дар гирдоиҳои пешин чунин матлабро нагуфтӣ?
— Зеро он замон шумо мегуфтед, шоҳам. Мо гўш медодем. Чун ба д-ин рўз расидем... агар шоҳ рухсат диҳанд, гўям.
— Бифармо!
— Сипосгузорам шоҳро: чун мо кироя ҳастем, на ҳар сухани мо пазирост. Кори мо ҷангидан, на маслиҳат додан... вале чун наздиктарин сарфавҷ мондаам шоҳро, хоҳиш дорам, ки ба юнониёни кироя бовар кунанд ва ихтиёри артишро ба онон гузоранд.
Шоҳ Доро посух нагуфт. Пур андешид ва аз миёни дайҳим бархоста, пардадари саройро якбара зад, нигарист ба ҳавои кушоди саҳро. Хаймаву саропардаҳои ночизро дид. Ва ёдаш аз размгоҳҳо омад, ки сипоҳи Порс шумору сафаш карона надошт.
Вале имрўз хаймаҳо ҷо-ҷову ягон-ягонанд ва роғ-роғ дуд боло кашад. Ва гўйӣ аз сипоҳи бузург ва номдори Порс нишона монда.
Ва Искандари Мақдунӣ паёпай омада ҳар ҷо-ҳар ҷо хокистари оташдонҳои эшонро бинад.
— На, Патрон... Дорои Кудумон ҳанўз зинда... То Хуросон расад, сипоҳи тоза хоҳад гирд овард. Дар Хуросон ватанхоҳон зиёданд ва нагузоранд хоки муқаддасро ҳаром кардан...Ту ҳоло бояд биҷангӣ бо Бесусу Набарзану Сотибарзан ва ононро таслим гардонӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор