Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ларза дар андоми Патрон даромад, гўшҳояш қуфл зад аз сухани ғайричашмдошти шоҳ Доро. Забонаш гирифт: «Хў-хў-хўш...» гуфт ва ба зўр фикрашро ифода кард забон ба ком часпонда:
— Ннна... Бо онҳо часпидан суде надорад. Бо онҳо оштӣ бояд кард...
— Ту донӣ, ё шоҳ!?
— Шшшоҳ!
— Бирав, омода бош ба ҷанги Бесус!
Чун забони сухан надошт, базўр пойи рост бар пойи чап зад ва рў гардонду бирафт. Вале аз назди шоҳ то беруни саропарда, гўйӣ саноч пуф карда бошанд, дамид; вуҷудашро боди кинаву ғазаб пур кард ва андешид: «Сатрапҳо беҳуда аз чунин шоҳи бехирад рў натофтаанд. Рўй тофтани дигарон низ яқин бувад... Доро танҳо хоҳад монд.»
Вале шоҳ Дорои Саввум каф ба ҳам зад. Посбон назди дар омад. Шоҳ фармуд:
— Ортобозро бихон!
Сипаҳсолори порсии таълими мақдунӣ гирифта бехабар аз ҳолу рўзгори Пармониёни юнонӣ, ки худованд хидмати ҳардуро як фармуда буд, ба тақдири хеш месўхт ва аз барои фарзандон дил хун мекард; гирифтор ба ҳоли хеш, аз бозгашти писараш Ориёбарзан меандешид ва яқин дошт, ки ба хотиру бўйи Эрон баргашта ва агар тавонад, аз назари Доро ғайб зада, бо кўрроҳаҳо ба Эроншаҳр равад, шаҳрдорӣ кунад ва аз нав дирафши бунафши шердори Эрон барафшонад ва мулк ободон дорад, фарру шукўҳу шўҳрати Эрон бозгардонад. Андар чунин хаёл буд, ки афсаре ба саропардаи бедари ў ҳозир шуд.
— Шоҳ хонад сипаҳсолорро!
— Ман писарам Ориёбарзанро нигаронам. Чун ў биёяд, хоҳам омад...
— На. Шоҳ филфавр омадани шуморо фармуд.
— Гуфтам, ки хоҳам омад!
— Ҳолиё бо ман биё.
Ортобози пир, ки пешомадро намедонист, сар аз пардасаро бурун овард ва нигарист ба чапу рост, то дарак аз писар ёбад. Ў пайдо набуд. Сипаҳсолор ноилоҷ рафт ҳамроҳи посбон. Қомат хамида, китфон афтида буд ва лоғару хурд метофт ў. Умедканда, нокому номурод медонист хешро. Ў низ чун Пармониёни сипаҳсолори мақдунӣ андеша аз тақдири писаронаш дошт. Гўйӣ охирин бор онҳоро дидан мехост, шоҳ имкон надод. То ин ҷо шоҳ кашолу молон овардаш, дигар ҳоҷат ба мурдакашӣ набувад, бояд бигўронадаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор