Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Бифармо, сипаҳсолор!
Дами дар пайдо шудани Ортобозро дида аз тахти сафарии хеш – чаҳорболин бархост шоҳ. Сипаҳсолор ҳайрон монд аз чунин рафтори шоҳ, ки чанд гоҳ боз бо ў гирифтаҷигот сухан мекунад, ҳолиё мегўяд: «Бифармо, бифармо!»
Сипаҳсолор ворид шуд ба пардасаро. Шоҳ ўро рў ба рў нишонд ва пурсид:
— Ориёбарзан куҷост?
— Алон бояд биёяд. Ман ўро нигарон будам, посбон ба ҳолам нагузошта, овард... Чӣ шитобкорист? – китфон дарҳам кашида гуфт сипаҳсолор.
— Шитобкорӣ на, сипаҳсолор. Маслаҳатест... – сипаҳсолор сухани ўро набурида ба диққат гўш дод. – Маслаҳат ин аст: чӣ гузашта аз шоҳ, ки ҳама ҳукмрону сатрапҳо рў гардонидаанд?
Хуб, ки Ориёбарзан фиросот кард ва баргашт. Вагарна мисли онҳо сагвор мурда мерафт...
Ортобоз дарёфт, ки Доро гирифтори андешаест, з-ин рў дурушт гўяд. Чашм дошт, то боз чӣ ояд аз шоҳ. Дорои Саввум боз сухан аз писари ў кард:
— Ориёбарзан сирру пиёзи сатрапҳоро донад. Оё нагуфт, ки онҳо чӣ хоҳанд?
— Чӣ хостани онҳоро худи шоҳ хубтар донанд...
— На-на! Магар онҳо миёни сўҳбат чизе нагуфтанд?
— Омурзиш аз шоҳ, сухан аз ин боб набувад... Гўё сатрапҳо талаб доранд, ки ихтиёри мулк ва инони ҷанг эшонро бидиҳанд...
Бесуси бохтарӣ сарвар шавад ва мулкро ҳифзу ҳимоя кунанд.
— Оё онҳо натавонанд чун ватанпараст, ҳамчу сарбози ватан ин корро бикунанд?
— ...Дақиқ надонам... Аммо дар чунин ҳолат ҷангидан, танҳо барои шоҳ Доро ҷангидан бошад, гўянд...
— Чӣ гуна барои Доро?! – якбора шўрид шоҳ. – Доро шарафи хешро набохта, ў барои худ истодагӣ хоҳад кард! Бигўй, пунба аз гўш кашанд. Доро зинда ва ихтиёри мулк ба касе нахоҳад дод!
Бархост, андар саропарда гом зад, тез шуду тунд, ангушт кард мушт ва рў овард ба Ортобоз:
— Бидон! Бигўй, то ҷанг эълон кунанд бо сатрапҳо! Ҳарчанд Доро миёни обу оташ монда, ҷанг эълон кунед бо он кўрнамакҳо.
Аз Искандар гила надорам, ў душман аст. Аммо бо дўстон чӣ шуда? Миёни обу оташ. Кас надонад аввал аз кадоме раҳо ёбад!
Хомўш буд Ортобоз ҳанўз ҳам. Доро дилгир шуд аз хомўшиву сукути ў ва шўрид:
— Ай мулўҳ! Лаб во бикун! Чизе бигўй, то дилам накафаааааад!
— Ҳар чӣ шоҳ фармоянд, раво бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор