Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Бигўй, ки ман аввал хешро ба об занам ё бар оташ?
— Ҳар куҷо хоҳанд...
Нафаҳмида гуфт Ортобоз ва хатоии хешро дарёфт:
— На-на! Шоҳ бояд аз обу оташ дур бошанд. Кори сипоҳу сипаҳбадон бувад шоҳро аз гирдобу гирдбодҳо ва алангаҳо эмин доштан.
— Пас, писаронатро пеш овар, то ҷанг эълон кунанд бо сатрапҳо!
— Шоҳо… Бо сатрапҳо пархош кардан ба суди Порс набувад...
Бо онҳо оштӣ ва мадоро бояд кард...
— Гуфтам, ки ҷанг эълон бикун! – беҳушонаву беақлона дод зад Дорои Кудумон, вале аз садои баланд, ки вуҷудаш ларзон шуд, дард ба сараш даромад ва базўр каф кўфт, ки танҳо сипаҳсолор Ортобоз ва пардадор шунид.
Чун пардадор аз дар нигарист, шоҳ садо дардод:
— Сипаҳбадон, сарфавҷҳо, бузургон ва сатрапҳоро бихоҳ!
Чунин амр пеш буд, вақтҳое ки артиши Порс побарҷо буд. Вапардадор, ки иҷрои чунин амр ҳеҷ гоҳ бар дўши ў набуд, чун одат таъзим карду бирафт ва он гоҳ андешид, ки сипаҳбад кист ва бузургон киҳоянд... Агар Ортобоз ҳанўз ҳам сипаҳсолорӣ бар дўш дорад, ин ҷост, бузургони Эрон ҳамроҳи шоҳ нестанд, сатрапҳо саркашӣ доранд ва артиши хешро сохтаанд...
Ва чун ҳама гирд омаданд, шоҳро равшан шуд, ки ками дар кам тарафдорони ў мондаанд: Набарзани вазиру сипаҳсолор, Патрон, Главк, чанд тан аз горди Махсус ва Ортобозу Ориёбарзан, вале аз бузургон ва асилзодагон касе нест. Шоҳро яқин гашт, ки на танҳо мулку давлату сарват аз даст рафта, ҳатто дўстон намонда. Вале Доро сухан аз ин боб накард, то ҳамагон дилмурда ва рўҳшикаста нагарданд, балки шоҳ буғзи дилашро кафонд:
— Ҷанг бояд кард!
Ва ҷуз Ортобоз, ки андешаи ўро пешакӣ медонист, касе нафаҳмид, ки бо кӣ ҷанг бояд кард ва шоҳ бо хашму ғазаб гуфт:
— Бо кўрнамакҳо ҷанг бояд кард!
Ба ҷунбиш омаданд. Як-як ба чашму рўю ваҷоҳати ҳамдигар нигаристанд, ки маъниҳои зиёд дошт нигоҳашон. Ва шоҳ мушкили онон осон кард, то ҳар кас дар сар чӣ андеша дорад, бигўяд:
— Фикри шумо чист?
Вале касе ҷуръат накард ба гуфтор. Сукут варзиданд.
— Ориёбарзан чӣ гўяд? – гўё қасдан пурсид шоҳ.
Ориёбарзан пури Ортобоз боло шуд ва фармуд:
— Албатта ҷанг бояд кард, вале бо кӣ? Ба андешаи ман бо Искандар ҷанг бояд кард...
— Магар бо Искандар ҷанг накардӣ? Ҷангида дидӣ! – сухани ўро бурида гуфт Доро.

пешина
аз 391
навбатӣ