Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва Ориёбарзан дарёфт, ки чунин андеша шоҳро хуш наомад; киноя кард ва забон аз гуфтор боздошт. Патрони эллинӣ аз фурсат истифода бурда забон кушод:
— Ба фикри ман бо сатрапҳо ҷанг бояд кард!
Дорои Саввум чизе нагуфт ва ҳайрон ҳам нашуд, балки як-як ба андоми онон нигарист, то аз чеҳраашон чӣ бар ояд. Аҳли маҷлис гўйишҳои паст-паст ё баногўшӣ доштанд; ба ғамза ё ишора ба якдигар чизҳоеро мефаҳмониданд, вале садо баланд намекарданд.
Аммо шоҳ пай бурда, ки ба ду гурўҳ ҷудо шудаанд онҳо.
— Ортобоз чӣ гўяд?! – садои шоҳ боло шуд.
— Ортобоз ҳаққи фармон додан надорад, рой шоҳрост! – қомати лоғарашро бардошта ва миён дуто дошта духўра гуфт сипаҳсолор.
— Ба ҳар ҳол бигўй, ки ҷанг бо Искандар кунем ё бо Бесус?
— Пўзиш аз шоҳ, бо Бесус ҷанг эълон кардан маънӣ надорад.
Ин ба д-он монад, ки шоҳ фавҷи сипоҳи хешро нобуд созад ва камзўр шавад... ва мадад ба мақдуниён кунад...
— Ҳммм... – ба андеша рафт шоҳ, ки дили нарму тавбапазираш наметавонист ҳукми қатъӣ кунад: — Боз кӣ андеша дорад?
Патрони эллинӣ гуфт:
— Сипаҳсолор Ортобоз дуруст гўяд... Бо Искандар бояд ҷангид. Аммо ҷиҳати дигараш ҳаст, ки сатрапҳои саркаш ҳеҷ гоҳ зидди Искандар наҷанганд. Чун онҳо дандон ба шоҳ доранд, гоҳи набард ҳамла ба сипоҳи шоҳ Доро оранд ва бо лашкари юнониён омезанд ва бо мо овезанд... – гуфт ў хешро «мо» дониста.
Ба суханони ў ягон-ягон сурфиданд ҳарифон ва якдигарро фаҳмониданд, ки душманӣ дорад Патрон. Вале шоҳ мўҳр зад ба андешаву даҳони онҳо:
— Дуруст гўяд Патрон. То даме ки Бесуси ҷоҳталаб ҳаст, мо натавонем ба Хуросон расидан ва ё бо Искандар ҷангидан.
Саропардаи шоҳиро хомўшӣ фаро гирифт. Худи Доро низ хомўш монд. Вале сукути ў дер напойид. Гўйӣ дар ин мавзўъ бо Патрон ҳамрой шуда бошад, фармуд:
— Бо сатрапҳо ҷанг эълон кунед!
Китфони Патрон боло шуданд, гардан ёзиду сар афрошт. Ва дигарон аз чунин амри нобаҳангом чун сангпушти сангзада гардан миёни шонаҳо фурў кашиданд. Вале Ортобоз, ки чизе гум намекард, ҳатто аз сари хеш наметарсид, фармуд:
— Пўзиш аз шоҳ. Ситеза ба кайк карда, пўстин набояд сўхт...
Чунон бошад, ки миёни бародарон ҷанг андозем ва душманро пирўз гардонем. Барои баъзеҳо фарқе надорад, ки ба порсҳо хидмат гузоранд ё ба мақдуниён...
— Кифоя, сипаҳсолор... Шумо низ сари сипоҳ будед ва коре накардед. Писаратон Ориёбарзан Эроншаҳрро бо дасти адаб ба Искандар супурд... Пас ба кӣ такя кунем?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор