Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Такя ба Аҳура Маздои бузург ва зўру тавони хеш бояд кард, – таънаву кинояи шоҳро паси гўш карда маслиҳат дод сипаҳсолори пир. – Ба бегонагон умед бастан нашояд.
— Чунон ки дарёфтам, ҳама бегона будаем ба якдигар. Он чӣ лофу газоф мезанем, барбод аст. Аз ваъдаҳои пучи шумо дилам гирифт!.. Ҷанг бо сатрапҳо!
Ва ҳамон рўз Патрон миёни ҷондорони зиёд, ки бо сипарҳо атрофи ўро печондаву пўшонда буданд, пайдо шуд андар размгоҳ.
Сар сўйи фалак бо ҳавои пой гом мезад ва замину осмонро фарқ намекард. Главк дасти рости ў буд ва нақшаи ҷанги Доро бо сатрапҳоро мекашиданд, ки душмани ашаддӣ онҳо буванд, на Искандар.
Дорои Саввум пазируфт андешаву пешниҳоди Патронро.
Ва ба сўе рафт, ки сатрапҳо рафта буданд. Сарфавҷи мамлукҳо Патрони Фокидӣ, ки нияти камқувват кардани сипоҳи Порсро дошт ва ҳеҷ гоҳ чунин дархости хешро аёну баён намекард, омода ба ҷанги сатрапҳо шуд ва талоя мерафт дилпур карда Дороро.
Шаҳри Рай, Дарвозаи Хазар, кўҳҳои мушкилгузаро убур карда, ба ҳамвориҳои Парфия расиданд. Дорои Кудумон орзуи ба Хуросон расиданро дошт ва Патрони Фокидӣ нияти барҳам задани дастаҳои Бесусу Набарзанро.
Бесуси Бохтарӣ, ки хешро аз тухмаи Ҳахоманишиён медонист ва армонаш тахту тоҷи шоҳаншоҳӣ буд, ҳамчун сарвари исёниҳо даррасидани шоҳи тарсуро чашм дошт. Ва андар паси кўҳҳо камин гирифт ба овези Патрони сармамлук. Бесус, ки андар набарду пархошҳо хиёнати мамлукони юнониро зиёд дид, чун фарзанди баномуси кишвар ин зархаридони бегонаро бад дид ва нафрин бар эшон дошт. Ва гўйӣ андар дуоба шохобҳои равшану хинг даромехта хингоб сохтанд ва ин ҷо шохоби саввум – шохоби хунин низ ҳамроҳ бар ин рўд шуд, сурхоб сохт: ба миён омад ҷанги Бесус бо Патрон. Аҷаб он буд, ки дар ду майдон дирафши бунафши шердори эронӣ парафшонӣ мекард ва садои шайпури ҷангӣ якранг садо медод. Оварди порсиён бо порсиён, хиёнати бегонагон дар миён. Ва ин ҷанг чун ҷанги Искандару Доро нақшаву сафу раддаи махсус надошт, балки ҷанге буд тасодуфӣ. Нияту хиёнати Патрон ба сатрапҳои вилоятҳои Порс равшан буд. Аз ин рў Бесуси Бохтарӣ орзуи зинда гирифтани Патрони зархаридро дошт, то андар дарвозаи шаҳри Парфия вожгун овезадаш ва садо ба мардум диҳад, ки ин қабил мамлукони зархарид чӣ хиёнатҳое карданд ба шоҳи бефаҳму беандешаи Порс.
Вале сарвари ҳилакори ғуломони зархариди юнонӣ чун даррасидани сипоҳи махсуси Дорои Саввумро дид, чун ҳамеша ҷой холӣ кард ва андар саҳнаи размгоҳ шоҳи Порс омад ба ҷойи Патрони Фокидӣ ва ба дом афтод. Патрон пас гашту бирафт ҳамроҳи Главк.

пешина
аз 391
навбатӣ