Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва шоҳ Доро ба мазмуни гуфтаҳои дўстон ҳолиё сарфаҳм рафт, ки дар ҳама ҳолатҳо ин бардаҳо хиёнат карда буданд ба порсҳо. Дареғ, ки дер шуда буд Доро илоҷи аз доми тазвир раҳо ёфтанро надошт ва ё рў ба Патрон оварда он юнонии кирояро мукофоти амал дода наметавонист. Аз хоби гарон бедор шуд.
Дарёфт, ки хўрдаҳояш аз бинӣ бурун ояд.
Сатрапҳои шинос ҳалқа гирифтанд шоҳро. Сипарҳо ба чап ва шамшерҳо ба рост фурў доданд. Доро донист, ки ба эҳтироми шоҳаншоҳ чунин карданд, вале ў намедонист дар чунин ҳолат чӣ бояд бикунад; амре ё коре карда наметавонист. Ҳушёр шуд, ба худу ба ҳуш омад. Рў ба рў Бесуси бохтариро дид, ки бар асби сапеди дарозгардан нишаста, менигарад ба ў, то шоҳаншоҳ низ рост нигарад ба дидаи ў. Аммо Доро натавонист ба чашми Бесус нигоҳ кардан, дида гурезонд.
— Манам Бесус аз тухмаи Ҳахоманишиён...
— Донам...
— Надонӣ... Ҳатто надонӣ, ки худ аз кадом дудаву дудмон ҳастӣ!, сахт гуфт Бесус.
— Ҳазл макун Бесус. Ту хуб донӣ, ки ман Дорои Саввум ҳастам, аз оли Ҳахоманишиён ва агар аз ин тухма набудам, соҳиби тоҷу тахт нашудам.
— На-а-а...Мо ҳеҷ гоҳ аз як дудмон набудем ва нахоҳем буд.
Зеро марде аз ин хун нагузоштӣ, ки Эрон вайрон ва поймол гардад.
Ҳеҷ нагузоштӣ, ки тухмаи онон нобуд шавад.
— Ман низ ин чизро нагузорам, Бесус.
— Ту кайҳо бохтайӣ ҳама чизро – модару зану фарзандро.
Кишвар супурдайӣ ба мақдуниён, имон фурўхтайӣ ба юнониён.
— Нааа... Поям ба Хуросон расад, хоҳӣ дид, ки чун кунам бо Искандар.
— Баумед мабош. Он чӣ тавонистӣ, кардӣ бо Искандар... Инак вақте расида, ки бо ту кунанд!
— Бо ман?
— Оре, бо ту!
— Бо ман дўстон коре накунанд. Он чӣ кунанд, душманон кунанд.
— Магар Патрон дўст буд?
— Патрон? Патрон дўст буд... ва...
— Ва ҷанг бо кӣ кард?
— Бо душманон.
— Пас мо душманони ту ҳастем?
— На. Шумо дўсти ман ҳастед. Хоса ту, Бесус. Гўйӣ, ки аз тухмаи Ҳахоманишиён ҳастӣ, пас мо ҳамхунем, чаро ҷанг бо ҳам кунем?

пешина
аз 391
навбатӣ