Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Чун танг ояд, душманон худро дўст вонамуд кунанд... Мо туро огоҳ кардем, ки ҷанг бо Искандар бояд кард, гўш надодӣ.
Патрони мамлук дўст шуд, мо – душман. Овехтӣ бо мо.
— На...
— Чун «На...»? Замоне ки моро гўш намедодӣ, гузашт. Ҳолиё бояд гўш диҳӣ... Сарбозони зархарид барои ту азизтар буданд аз мо – аз ононе ки ватанпараст ҳастанд. Гумон кардӣ, агар ихтиёри кишвар ба Бесус диҳӣ, тоҷу тахт низ аз даст хоҳад рафт ва ба таваккул гузаштӣ... Агар пирўз бар сатрапон ойӣ, боз шоҳаншоҳ шавӣ. Ва онон аз тани ту хоҳанд ҷангид бо Искандар. Магар фикрат чунин набуд?
— На, Бесус, ту маро душман мапиндор, ман дўсти ту ҳастам, ҳамхуни ту ҳастам. Хоҳӣ, бинишин бар маснади шоҳаншоҳии Эрон, вале гумони бад мабар аз ман...
Бесус баланд хандид. Асбон гўш чур карданд ва беқарор гаштанд. Дорои Саввум донист, ки хандад ба ҳоли ў. Доро шоҳи асир аст ва чораи раҳойӣ надорад. «Аҳура Маздои узург, бол ато бикун маро!» орзу кард шоҳ. Вале нияти аз миёни «бало» рост ба осмон парвоз карданаш андар сараш монд. Зеро асби сапеди Бесус аллакай чароғпоя гашта буд бар тори сараш. Ва Бесус хавфи бевасият рафтани шоҳро пай бурда, инони асбро чунон кашид, ки вай муддати мадид бар ду пойи пас бозистод. Ва баъд оҳиста дастон ба замин гузошт, то савораш озоре наёбад. Ҳама хомўш буданд. Бесус рост ба чашмони Доро нигарист. «Навбати ту»
мегуфт нигоҳаш. Вале асби Доро чун савораш гўш хобонида буд.
Ва ҳаваси чароғпоя гаштан он тараф, ҳавсалаи бўй кашидани асберо надошт. Чунон ки хандаи тамасхуромези Бесус дар гўшаш садо медода бошад. Ҳайвонҳо хатарро пештар аз соҳибонашон эҳсос мекунанд.
— Чаро ин қадар баланд хандидӣ? – тоқат накарда пурсид Доро ба оҳанге, ки шоҳ бувад.
— Охир чаро нахандам, ки шоҳаншоҳ маро маснаду миғфар пешкаш кунад?
— Магар замоне талабгор набудӣ?
— Талабгор будам. Ба хотири кишвар, халқ, миллати Порс...
Доро низ асирии худро фаромўш карда хандид. Бесус дар шигифт шуд, ки хандаи ҷонбаромад кунад ва пурсид:
— Магар хандаи дурўғин нест хандаат?
— На, ин хандаи ростин. Одамизод тамоми умр як бор хандаи ростин, боре гиряи ростин кунад, дигар ҳама умр дурўғин бувад зиндагиаш.
— Ин кадом вақт бошад? – асирии ўро дар назар дошта пурсид Бесус, то Доро чӣ посухе гўяд.
— Гоҳе ки дўстат рў ба рў дурўғ гўяд, ба хотири чизе ҳамаро бифурўшад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор