Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бесус баландтар хандид:
— Ту инро аз хандаи ман дарёфтӣ, шоҳ Доро. Магар чунин нест?
— Оре, чунин... Гоҳе ки кишвар аз даст рафта ва халқу миллат дар ҳолати нестист, аз номи онҳо даҳмардагўйӣ кунӣ, хандаи кас ояд...
— Ва кай гиря кунӣ?
— Гоҳе ки дўстат ба суди хеш ин ҳарфҳоро боз такрор кунад.
— Пиндоштам гўйӣ: «Гоҳе ки марги азизтарин касро бинӣ».
— На. Мурдан ногузир бувад. Худованд амонаташро гирад, барои ин гиристан раво набувад.
Бесус донист, ки Дорои Кудумон чандон шоҳи бехирад набувад, яке аз фаррҳои шоҳиро дорад, вале чӣ боис шуда, ки ҷанги Порсро бохт ва ҷой ба Искандар гузошт...
— Ва шоҳ Дорои Кудумон дарнаёфта, ки чаро ҷанги бурдаро бохт?
— Оре, дарёфт. Ҳолиё дарёфт. Гоҳе ки Патрон ҷойи хеш бар мани ноогоҳ холӣ кард, донистам, ки дар тамоми ҷангҳо чунин ҳолат рух дода...
— Ва чаро ба гуфтаҳои дўстон гўш надодӣ? Туро, ки чунин ҳолу кирдор гуфта буданд?
— Шояд аз сари ғурур ва мастӣ буд... ки гўш надодаам.
— Бошад, – гуфт Бесус ва ишора ба ҳамраҳонаш кард.
Танг карданд ҳалқаро. Яке сарафзори асби шоҳро дошт. Дигаре даст ба шамшери ў бурд. Саввумӣ сипарашро гирифт. Шоҳаншоҳ моту мабҳут ва ноилоҷ буд. Гўйӣ ҷодуву афсун карда, ки на ҷунбад, на зиддият кунад ва на чизе гўяд: «Тақдир чунин буда.» Шоҳи асир. Дар ў чизе аз шоҳӣ намонда: на фарр, на шукўҳ, на амр, на ҳукм, на эҳтиром, на эътибор. Хўсаеро монад, ки миёни киштзор рост карда бошанд барои хўсонидани гунҷишкон.
Ва аммо шоҳ ҳазлу шўхӣ пиндорад ҳамаро. Сатрапҳои ў бадӣ накунанд бо шоҳаншоҳ. Ин як навъ санҷишест. Вале кайҳо гузашта замони санҷиш ва кӣ будани Дорои Саввум дар ҳафт иқлим равшан шуда.
Магар муроди Бесус ба даст овардани шоҳ буд, ки бар асари Патрони гурезон нарафт ва ҳатто эътиборе надод, ки ў буд ё набуд?

БАНДИ ҲАШТУМ

Файлотуси пури Пармониён девонаавзоъ гашта буд дар ғами
падар. Зеро медонист, ки касе то ҳанўз аз чанги шоҳи ҷавони бемулоҳиза раҳойӣ наёфтааст. Падараш дар чунин ҳол бувад; дар
қабзаи лашкаркаш омада, аммо сабабашро хуб надонад. Шояд ҳамон баҳсҳо бошад, ки Пармониёни сипаҳсолор ҷангро чизи бемаънӣ медонист ва борҳо гуфта буд, ки Искандар аз ин роҳаш гардад...

пешина
аз 391
навбатӣ