Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Файлотуси сода сарфаҳм намерафт, ки шоҳи ҷавон дар андешаи хеш аз пашша пил месохт. Ҳар росту дурўғе, ки ба ў мерасониданд, рост мепиндошт ва гўяндаро душман медонист.
Аз ҷумла худи Файлотусро. Ва борҳо маъшуқаи ў Эрисро ба ҳузури хеш пазируфта пурсида буд, ки Файлотус чӣ андеша дорад дар бораи шоҳ. «Мегўяд, ки бузургтар аз Искандар лашкаркаше нагузашта.» Ҳамин қадар гуфта буд Эрис. Пас Искандар хулоса баровард, ки писари сипаҳсолор ўро ҳамчун лашкаркаш донад, шоҳиашро эътироф накунад. Кина гирифт дар дил, аммо зоҳир накард.
Файлотус аз андешаи зиёд лоғартар мегашт ва худ ба худ мегуфт: «Бо сипаҳсолор чӣ кард, ки бо писари ў кунад?» Пасон бо бародараш Никонори сарфавҷи махсуси шоҳӣ маслиҳат кард, то чӣ бояд бикунанд. Никонор, ки феълу хўйи Искандарро медонист, маслиҳате дода натавонист ба бародар. Файлотус пиндошт Никонор тарсад аз шоҳ. Ранҷид аз бародар ва аҳд кард, ки худ вохўрад бо Искандар ва андешаҳояшро бигўяд.
Вале Эрисро дучор омад. Эрис, ки баъди ҷанги Говгомол Файлотусро хуш карда буд ва дуздида-дуздида бо ҳам во мехўрданд, имрўз махсус ҳаваси дидори сарфавҷи саворонро кард. Вале ранги заҳир ва андоми лоғари маҳбубро дида ҳайрон монд ва пурсу посух накарда, гуфт:
— Мефаҳмам...
— Чиро мефаҳмӣ?
— Онро, ки шоҳ ба ту дандон дорад.
— Дандон? Чӣ гуна дандон?
— Ту низ дандон дорӣ ба шоҳ.
— На... Ман ба шоҳ дандон надорам. Танҳо мехоҳам ҷойи падарамро иваз кунам.
— Яъне, сипаҳсолор бишавӣ?
— На. Ба ҷойи падарам равам... Ба Экботон равам ва ўро рухсат диҳанд, то ба Юнон равад...
— Аҷаб... Аҷаб бошад. Магар Искандар ин корро кунад?
— Ту, ки сари чанд вақт ба ҳузури ў меравӣ, бояд бидонӣ, ки ў чунин корро кунад ё на.
— Аз куҷо донӣ, ки...
— Танҳо ту на, ҳама гетерҳо ба ҳузури ў раванд. Ва худо донад, ки чӣ баранду чӣ гиранд?
— Бале, худо донад... Беҳтараш, худат ин матлаб арз кунӣ ба Искандар. Зеро шахси саввумро хуш надорад ў.
— Шунидам, ки бисёр чизҳо пурсад аз ту дар бораи ман.
— Оре, пурсад... Ва ман ҳама вақт туро ҳимоя кунам ва гўям, ки Филота шоҳро дўст дорад ва эҳтиром кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор