Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Пасон коре шуд, ки аслан нашуда буд аз Азал то Аҷал; сапедадамони саратон осмонро абру меғ фаро гирифт; гўйӣ бо хокистароба андуда оинаи фалакро… Баҳри Миёназамин дамид. То дижи харобгашта баромад. Гоҳи ҷазр хокистари устухонҳо ва устухонҳои нимсўзро ҳамроҳ бибурд…
… ва Осмон гирист. Оби дидааш хунҳои баста, сиёҳии хокистар ва бисёр нопокиҳои дигарро бишуст…
Баъдтар ҷашни пирўзӣ орост Искандар…
Азбаски дар шаҳр чизе намонд; ободиҳо хароб ва диж валангор гашта буд, базмгоҳи мувофиқе пайдо нашуд. Шоҳи тавонгар чунин ҳол дида, аз карда пушаймон гашт; зиёд андешид. Пас мувофиқ ба хуну феълу атвораш зери осмони кушодро пазируфт; зеро ў бо он ҷўшу хурўше, ки аз хуни гарм сар мезад, дар ҳараму шодурвон ва кўшку диж намеғунҷид, чунон ки андар Мақдуниёву Юнон. Фармуд дар саҳни кушоди ҳарами Геракл ҷашн гиранд пирўзиро, ки ба назари ў муҳимтар аз ҳама пирўзиҳои дигар буд. Сафинаҳову заврақҳо рўйи баҳр паҳну парешон гаштанд, то аз шаҳрҳои дигар асбобу резавору нозу неъмати хон ва ҳама ашёи базм фаро биоваранд.
Искандар нахуст қаҳрамони юнонӣ Геракли диловарро қурбонӣ фармуд. Қурбониро дар ҳарам баҷо оварданд; шоҳи Тир Азимулмулкро низ дар он базм хонданд. Дар ҳайрат афтоданд онҳое, ки шоҳро мурда ангошта буданд. Ҳайрати баъзеҳо аз он низ буд, ки Азимулмулкро паҳлўи нори сапед сар хоҳанд гирифт ва ё канори буққаи сиёҳ ё худ назди қўчи кабуд. Искандар накард чунину чунон, балки назди хеш нигаҳ дошт. Баъд то оне ки ҳама қурбониёнро забҳ карданд, Азимулмулкро мебурд аз назди як ҳайвон ба паҳлўи дигаре; чӣ гуна сар буридан, мағз (маг) задан; фаввора задани хун ва дасту пой задану хир-хир кардани он, забон газидану чашми ало кушода доштани онҳоро менамуд ва боз мебурд ба ҷойи дигар.
Азимулмулк пойи куллуку ресмонпечи ҳайвонҳоро медид ва дасти пуштбастаи хешро ба ҳаракат медаровард, ки яқин ин фалокат ва тақдири ҳайвонҳо ба сараш хоҳад омад. Они воҳид аз вуҷудаш гузашт тори сўзоне, ки ўро чунин сар гиранд; ҳамон зайл хунаш фаввора занад, дасту пояш кашида шавад ва чун мағз заданд, раги пояш кушода шуда ёзад, хир-хиру фаш-фаши гулўяш бозмонад ва забонаш аз даҳон бурун ёзад ва чашмони носераш ба сони забони ин ҷонварони «мушкилкушо» боз монад. Ларзид вуҷудаш. Танаш тар шуд аз арақи якбора рўй зада, ки ба ҷойи хуни фаввора бурун омада бошад. Зеро ҳама ҳаракатҳое, ки молҳои сар бурида баробари теғ ба гулў рондан ва маг задан доштанд, аз хаёл ва вуҷуди ў гузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё