Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чашмонат «дурўғ» гўянд.
— На, Филота. Ман дўст дорам туро... Ва ту, ки ҳама роҳ бо Искандарӣ, ў хубтар донад туро аз ман. Ҳоҷат ба дурўғи ман набувад... Гуфтам, ки дандон дорад...
— Магар аз ту ягон чиз шунида?
— На. Ту, ки ба ман чизе нагуфтайӣ...
— Нагуфтаам. Пас дандон доштани ў чӣ маънӣ дорад?
— Аз он, ки дар маҷлиси бодагусорӣ падаратро ҷонибдорӣ кардӣ, то Искандар баргардад ба ватан ва дигар ҷанг накунад.
— Оре, гуфтам чунин. Пиндорам буд, ки Искандар Эроншаҳрро гирифт, Тахти Ҷамро оташ зад, дигар ҳоҷат ба ҷанг намонда.
Пиндоштам ин ҳарф бо андешаи ў мувофиқ аст, хаёл накарда будам, ки Искандар ба хун ташна. Агар аз ҳамин рў маро душман пиндорад, ба ҳеҷ ваҷҳ матлабу муроди маро ба ў фаҳмонида нашавад.
— Ту инро хуб донӣ?
— Бале, хуб донам, вале илоҷи дигар надорам. Сипаҳсолор одами хурд набувад. Ва ўро чун санги фалахмон дур андохтан эътибори сипаҳсолорро коҳонад. Дар лашкаркашӣ ва пархош касе бо ў баробар шуда натавонад... Ва чунин касро нобуд кардан...
— Кӣ ўро нобуд карданист?
— Магар коре, ки шоҳ бо ў кард, камтар аз марг аст? Тарсам аз он, ки бо худ коре бикунад...
— Осуда бош, ў кўдак нест... Дили ту сўзад, Филота. Зеро ў падар бувад. Вале ба ман дилат насўзад... Ман барои ту асбоби дилхушӣ ҳастам...
— Чунин набошад, Эрис. Ту азизтаринӣ барои ман. Дилам ба ту дигаргуна сўзад ва падарро дигаргуна. Ин сўзишҳо якранг нестанд. Ба сипаҳсолори беназир дилам сўзад, ки дар пириаш хор доранд; ба ту дилам сўзад, ки...
— Ҳа-а-а...Чунин шабҳои маҳтобӣ ба ҳар кас насиб накунад, ки паҳлўи Филотаи писари сипаҳсолор бошад.
— Ҳа-а-а... Искандар донад чӣ кор карданашро. – Низ сухан дигар карданӣ шуд Файлотус. – Дар соҳили ин рўди кўҳӣ хайма зад, то дилдодагон шаби вопасин гузаронанд.
— Чаро чунин гўйӣ?
— Ман ҳатман бояд биравам ба Экботон. Агар умр боқист, баргардам ва туро ба занӣ гирам... Агар мунтазир шуда тавонӣ.
— Чаро чунин гўйӣ?
— Зеро гетерҳои соҳибҷамолро талабгор зиёд бувад. Ва онон озод буданро авло донанд аз шавҳардорӣ.
— Донӣ, ки аз ноилоҷӣ бувад кори онҳо?
— Надонам. Магар онҳо зан шуда натавонанд?

пешина
аз 391
навбатӣ